Маълумоти таърихӣ

0
158
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз аввали солҳои соҳибистиқлолият оғоз намуд. Саравал он бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-12 “Дар бораи таъсиси Комитети давлатии республикавии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ” таъсис дода шуд.

Бо Фармони Президенти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991, № УП-14 “Дар бораи Раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба идораи молу мулки давлатӣ таъин кардани рафиқ Каримов И.Ҳ.” аввалин Раиси Комитет Каримов Исматулло Ҳомидович таъин гардид.

Бо Қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1991, №250 “Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Кумитаи амволи давлатии ҶШС Тоҷикистон” аввалин низомномаи Комитет тасдиқ карда шуд.

Баъдан, бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои қонунгузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997, №464 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 1997, №10, моддаи 160; с. 2002, №4, қонуни 1, моддаи 167; с. 2003, №12, моддаи 699; с. 2009, №3, моддаи 90; с.2016, №7, моддаи 630) ба тасвиб расид.

Аз соли 2006 ин ҷониб, мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 “Дар бораи такмил додани сохтори мақомоти марказии Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016, №590 “Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2011, №135; аз 31.05.2012, №296; аз 13.09.2012, №488) сохтор, низомнома ва номи Кумита дар таҳрири нав такмил дода шуд.