Тафсири иқтисодӣ

0
59
Баъд аз ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мақсадноки иқтисодиро амалӣ намудааст, ки ҳадафи асосии он аз ташаккули равобити нави иқтисоди бозоргони иборат буд. Ин дар навбати худ имконият дод, ки таъмини устувории макроиқтисодӣ ва суръати нисбатан баланди рушди иқтисодиро фароҳам созад.

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ* (манбаъ – www.stat.tj)

Тамоюлоти иқтисодӣ
  • Тоҷикистон қадами арзандае ҷиҳати тақвиятбахшӣ ба ислоҳоти иқтисодӣ, таҷдидӣ иқтисодиёти миллӣ ва рушди равобити байналмиллалӣ гузоштааст. Савдои хориҷӣ ва амалиётҳои асъорӣ либерализатсиякунонида шудааст. Дар мамлакат ба пуррагӣ корхонаҳои миёна ва хурд хусусӣ гардонида шуда, айни замон таҷдид ва саҳомикунонии корхонаҳои бузург ҷараён гирифтааст.
  • Ҳукумати ҷумҳурӣ равона намудани сармояҳои азимро барои сохтмони роҳҳо, рушди электроэнергетика ва саноати кӯҳӣ дар назар дорад. Аҳамияти хосса ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ба монанди сохтмон, хизматрасонӣ ва савдо дода мешавад. Дар перспективаи миёнамӯҳлат суръати баланди рушди рушди иқтисодӣ, бинобар сабаби зиёдшавии маҷмӯи бахши хусусӣ ва даромади аҳолӣ пешгӯӣ карда мешавад.
  • Дар назар аст, ки сармояҳои ҷалбшаванда ба болравии ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои реалии иқтисодиёт оварда мерасонад. Дар навбати худ ин, имконияти диверсификатсиякунонии иқтидорҳои содиротии мамлакатро татбиқ менамояд, ки то ҳол аз истеҳсоли алюминий ва пахта вобастагӣ дорад.

Ҷараёни рушди иқтисодӣ
  • Аз оғози соли 1997 зиёдшавии мӯътадили ММД дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба назар мерасад. Дар соли 2008 зиёдшавии ММД бо дарназардошти нархҳои воқеӣ 7,9 %-ро ташкил додааст.
  • Умуман талаботи дохилӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва сабаби он зиёдшавии маошҳо ва то ҳол воридоти зиёди маблағҳо аз ҷониби муҳоиҷорни меҳнатӣ мебошад.
  • Новобаста аз таъсири бӯҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ тавонистааст, ки ҷараёни мусбати рушди иқтисодиро нигоҳ дорад.  

Савдои хориҷӣ
  • Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2008 – 4676,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки ин нишондод назар ба соли 2007 – 16,4% зиёдтар мебошад.
  • Нисфи зиёди даромади содиротиро фурӯши алюминий ташкил дода, боқимонда ҳиссаи арзанда аз ҳисоби қувваи барқ, пахта, мева, равған ва маҳсулоти  текстил ташкил меёбад.
  • Дар маҷмӯъ содироти маҳсулотҳои зайл ба давлатҳои Нидерландия – 37%, Туркия – 27%, Россия 9%, Эрон -7%, Хитой – 6% ва Узбекистон таъмин карда мешавад.
  • Қувваи барқ, маҳсулотҳои нафтӣ, дуокисаи алюминий, мошинаю таҷҳизотҳо ва маводҳои хӯрокворӣ маҳсулоти воридшаванда буда, шарикони асосӣ оид ба воридот давлатҳои Россия  - 32%, Хитой – 12%, Қазоқистон – 9%, Ӯзбекистон – 5 % ва Эрону Туркия – 4% ба ҳисоб мераванд.