Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иктисодӣ»

0
79
Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири заҳматҳои кашидаи соҳибкорон дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаи онҳо 14 - уми октябр дар мамлакат рӯзи соҳибкорон эълон карда шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани чорумин солгарди ҷашни “Рӯзи соҳибкорон” дар пойтахти кишвар моҳи октябри соли ҷорӣ Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иктисодӣ» баргузор мегардад.