Тендери сармоягузории №1/1Т

0
76
АХБОРИ ИТТИЛООТИИ №1
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТЕНДЕРИ САРМОЯГУЗОРИИ №1/1Т ОИД БА ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ БА ДАВЛАТ ТААЛЛУҚДОШТАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИРО (ҶС) ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27, телефон: 2217383, факс: 2214471

Барои иштирок дар тендери сармоягузорӣ шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва консортсиумҳо даъват карда мешаванд. Бақайдгирии ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27 ҳуҷраи кории №16 дар рӯзҳои корӣ анҷом дода мешавад. Қабули ҳуҷҷатҳо 27 августи соли 2018 соати 17.00 ба охир мерасад.

Тендер тибқи «Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад. Хоҳишмандон метавонанд Низомномаи мазкурро бо тариқи электронӣ аз сомонаи Кумита www.investcom.tj дастрас намоянд.

Аризадиҳандаҳо барои ба қайд гирифтан бояд мувофиқи талаботи Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд ва пардохти кафолатиро дар ҳаҷми 350 нишондиҳанда барои хисобҳо барои як лот супоранд. Пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби зерини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад:
- бо доллари амрикоӣ: Credit Suisse Zurich, Switzerland SWIFT: CRESCHZZ80A Acc: 91223964 National Bank of Tajikistan SWIFT: NATJTJ 22 Aсс: 22696840600010 Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan;
- бо сомонӣ: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, РМА 010010058 Суратҳисоб
№ 20204972561010100004, АМБ 350101800, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пардохти кафолатӣ ба нархи фурӯши лот дохил мешавад.

Шартҳои тендери сармоягузорӣ чунин мебошанд:
- сармоягузорӣ ба воситаҳои асосӣ барои инкишофи иқтидори истеҳсолии ҷамъияти саҳомӣ;
- ташкил ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар мӯҳлати 24 моҳ пас аз имзои шартномаи хариду-фурӯш.
Маблағи сармоягузории иштирокунандаи тендер бояд на камтар аз 25 фоизи нархи ибтидоии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомиро ташкил диҳад, ки он дар мӯҳлати 24 моҳ пас аз имзои шартномаи хариду фурӯш пардохт карда мешавад.

Ғолиби тендер иштироккунандае дониста мешавад, ки маблағи умумии пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии ӯ аз ҳама зиёд аст.
Пешниҳоди молиявии иштироккунанда аз нархи лот ва маблағи сармоягузорӣ ба ҷамъияти саҳомӣ иборат мебошад.

Пешниҳоди техникии иштироккунанда маълумот оид ба зиёд намудани миқдори кормандон дар объекти ба тендер баровардашударо дар бар мегирад. Шумораи пешниҳодгардидаи зиёд шудани кормандон бо ифодаи пулӣ дар ҳаҷми як маоши ҳадди ақалли моҳона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як корманд мубодила мегардад.

Дар ҳолати ғолиб омадан дар тендер, харидор ба ҳисоби фурӯшанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5 % ва боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 0,5 % аз нархи фурӯши объект месупорад, ки он ба нархи фурӯши лот дохил намешавад.

Бо мақсади фаҳмондани қоидаҳои гузаронидани тендер барои иштироккунандагон рӯзи 20 августи соли 2018 соати 14.00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27 конференсия гузаронида мешавад.

Маълумотҳои умумӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки ба тендери сармоягузорӣ бароварда мешаванд, дар ҷадвалҳои №1 ва №2 пешниҳод шудаанд.

Ҷадвали №1

Ҷамъияти саҳомие, ки дар тендери дудавра фурӯхта мешавад
Рақами лотНомгӯи ҷамъияти саҳомӣСуроғаНамуди асосии фаъолиятМасоҳати умумӣФоизи саҳмияҳо дар фонди оинномавӣТеъдоди саҳмияҳо
дар як лот
Арзиши ҳадди ақали лот
(бо сомонӣ)
1.«Тоҷдорусаноат»ш.Душанбе,
кӯч. Ҷ. Расулов 6/1
Истеҳсол ва фурӯши
масолеҳҳои доруворӣ ва тиббӣ
0,65 га10018 1002 000 000

Ҷадвали №2

Нишондиҳандаҳои алоҳидаи ҷамъияти саҳомие, ки дар тендери дудавра фурӯхта мешавад
Номи ҷамъияти саҳомӣДаромад, зарар бо сомонӣ ба 01.01.2018
(+;-)
Қарзи кредиторӣ бо сомонӣ, тибқи баланси
01.01.2018
Ҳаҷми истеҳсолот, бо сомонӣ дар
соли 2017
Истифодаи иқтидори истеҳсолӣ дар соли 2017, бо %Ҳаҷми фурӯш бо сомонӣ ба 01.01.2018Бозори фурӯши маҳсулот
(хизмат)
Теъдоди кормандон ба 01.10.2018Соли ба истифода додани корхона
ТоҷикистонХориҷа
«Точдорусаноат»-368167-----21995
Эзоҳ: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои аниқ будани маълумотҳои дар ҷадвалҳо зикргардида кафолат намедиҳад. Иштироккунандагоне, ки аз интихоби квалификатсионии тендери дудавра гузаштаанд, метавонанд бо объект дар вақти корӣ шиносоӣ намоянд. Натиҷаҳои интихоби квалификатсионии тендери дудавра дар муҳлати то 3 сентябри соли 2018 дар тахтаи эълонҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 27 ҷойгир карда мешавад.