Эълон

0
237
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ 
ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТЕНДЕР ОИД БА ФУРЎШИ ИНШООТИ СОХТМОНАШ НОТАМОМРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

НОМГӮИ
иншооти сохтмонаш нотамоме, ки тариқи тендер ба фурӯш бароварда мешаванд

Номгӯй ва маҳалли
ҷойгиршавии иншооти сохтмонаш нотамом
Арзиши сметавӣ
(ҳазор сомонӣ)
Тайёрии иншоот, бо%Масоҳати қитъаи замини иншоотНархи ибтидоии иншоот
(бо сомонӣ)
Муҳлати баанҷом- расонии сохтмон
1234578
1Боғчаи бачагона барои 95 ҷойи ҶСК «Суруш», воқеъ дар шаҳри Истаравшан-700,5 га60000018 моҳ
2Хонаи истиқоматии 55-ҳуҷрадори ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокории Исфара», воқеъ дар шаҳри Исфара-160,3 га10000024 моҳ

Инҳо метавонанд иштирокчии тендер бошанд:
- шахсони ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат аз 25% зиёд нест; 
- шахсони воқеӣ;
- шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷӣ.

Ҳамчун иштирокчӣ барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
- дархост барои иштирок намудан дар тендер бе нишон додани номи иншооти сохтмонаш нотамом, ки уҳдадориҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеиро барои бастани шартномаи хариду фурӯш бо шартҳое, ки дар эълони баргузории тендер муайян шудааст, дар бар мегирад;
- нусхаи асл ё нусхаи ҳуҷҷате, ки пардохти кафолатиро гувоҳӣ медиҳад;
- лифофаи сарбаста бо 4 нусхаи барнома, ки дар он нархи хариди иншоот бо мавқеи ҷойгиршавии он пешниҳод мешавад.

Шахсони ҳуқуқӣ ба таври иловагӣ нусхаи шартномаи муассисӣ, оиннома ва шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқиро, ки тариқи идораи нотариалӣ тасдиқ шудааст, пешниҳод менамоянд.

Шартҳои ҳатмии тендер инҳо мебошанд:
  • уҳдадории иштирокчӣ ҷиҳати мавриди истифода қарор додани иншооти сохтмонаш нотамом;
  • анҷоми тадбирҳои зарурӣ барои таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист; 
  • анҷоми тадбирҳо барои ободонии гирду атрофи иншоот;
  • ҳуқуқи моликият ба харидор баъди ба истифода додани иншоот ба расмият дароварда мешавад; 
  • дар ҳолати ғолиб донистани иштирокчӣ, дар давоми 3 моҳ бо ризоият (мувофиқагардонии нақша ва сметаи хароҷот) бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли ҷойгиршавии иншоот, сохтмони иншоот оғоз мешавад;
Муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендер аз вақти нашр гардидани эълони мазкур муайян гардида, дар муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ баъд аз нашри хабари иттилоотӣ ба охир мерасад. 

Маблағи кафолатӣ баробар ба ҳаҷми 100 каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба суратҳисоби зерини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад:
- бо сомонӣ: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, РМА 010010058, Суратҳисоб №20204972561010100004, АМБ 350101800, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пардохти кафолатӣ ба нархи иншоот дохил мешавад.

Ғолиби тендер ба суратҳисоби Фурӯшанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5% ва боҷи давлатӣ дар ҳаҷми  0,5 % аз нархи фурӯши объект месупорад, ки онҳо ба нархи фурӯши иншоот дохил намешаванд.

Маълумоти иловагиро дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур 27, утоқи 15 ва телефонҳои 221-16-14, 221-44-71 гирифтан мумкин аст.