ТЕНДЕРИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ОИД БА ХУСУСИГАРДОНИИ БАСТАИ САҲМИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ПИЛЛАИ ТОҶИК»

0
67
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА
ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27, тел: +(992 37) 221-86-59
ТЕНДЕРИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИРО ОИД БА ХУСУСИГАРДОНИИ
БАСТАИ САҲМИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ПИЛЛАИ ТОҶИК» 
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Хусусигардонии ҶСК «Пиллаи Тоҷик» (минбаъд - «Ҷамъият») мувофиқи лоиҳаи инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №294 «Дар бораи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи Тоҷик» тасдиқ гардидааст, сурат мегирад. 
Тендер рӯзи 1 феврали соли 2019, соати 10.00 дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27 баргузор мегардад. Дар тендер шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва берунмарзӣ иштирок карда метавонанд.
1. Ҷамъият соли 2015 дар натиҷаи табдил додани Корхонаи воҳиди давлатии “Пилла”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуда, сармояи оинномавии Ҷамъият 4 254 000 сомонӣ иборат аз 42 540 адад саҳмияҳои оддӣ бо арзиши номиналии 1 саҳмия баробар ба 100 сомонӣ мебошад. Арзиши амволи Ҷамъият ба ҳолати 22 ноябри соли 2017 ба маблағи 4 911 000 сомонӣ нархгузорӣ гардидааст.
2. Ҷамъият асосан дар самти тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, кирмакпарварӣ ва таъмини соҳаи саноати сабук бо нахи абрешим фаъолият менамояд.
3. Суроғаи ҳуқуқии Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 77.
4. Дар ҳайати Ҷамъият 39 ҷамъияти саҳомии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
5. Муассиси Ҷамъият Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
6. Арзиши тавозунии воситаҳои асосии Ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 3 976 402 сомониро ташкил медиҳад. 
7. Дороиҳои Ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 8 636 176 сомониро ташкил медиҳанд.    
8. Арзиши бақиявии амволи Ҷамъият 1 252 190 сомониро ташкил медиҳад. 
9. Қарзи умумии кредитории Ҷамъият аз рӯи тавозун ба ҳолати 1 октябри соли 2017 ба 15 748 760 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин ҳисоб қарзи музди меҳнат 482 663 сомонӣ, қарз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 373 285 сомонӣ, андозҳои давлатӣ 5 993 800 сомонӣ, қарз дар назди Бонки миллии Тоҷикистон 8 500 сомонӣ, қарзҳо дар назди молрасонҳо ва пудратчиён 2 596 529 сомонӣ ва қарзҳо дар назди дигар субъектҳои хоҷагидор 6 293 983 сомониро ташкил медиҳанд. 
10. Қарзи умумии дебитории Ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 3 636 080 сомониро ташкил медиҳад. 
11. Дараҷаи фарсудашавии воситаҳои асосии Ҷамъият 68 фоизро ташкил медиҳад. 
12. Масоҳати умумии қитъаи замини Ҷамъият 26,43 га, масоҳати зери сохтмон 14,53 га. мебошад. 
13. Шумораи умумии кормандони Ҷамъият мувофиқи воҳидҳои кории тасдиқгардида 395 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони муваққатӣ (мавсимӣ) 572 нафар мебошад. 
14. Хусусигардонии бастаи саҳмияҳои давлатии Ҷамъият тибқи тартиби муқарраргардидаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, №526 “Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ аз рӯи лоиҳаҳои инфиродӣ” тариқи баргузории тендери байналмилалӣ сурат мегирад. 
Арзиши ибтидоии 42 540 адад саҳмияҳои Ҷамъият, ки тибқи лоиҳаи инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, ба маблағи 4 911 000 сомонӣ муқаррар мегардад. 
15. Ғолиби тендер иштирокчие дониста мешавад, ки нархи аз ҳама зиёдро баландтар аз арзиши ибтидоии бастаи саҳмияҳои Ҷамъият пешниҳод менамояд ва барои иҷрои шартҳои ҳатмии зарурии ба даст овардани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба саҳмияҳои Ҷамъият розӣ мебошад. Инчунин ғолиби тендер ба суратҳисоби фурушанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5% аз нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои Ҷамъият ва дигар боҷҳои ҳатмии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро пардохт менамояд, ки ба нархи фурӯши бастаи саҳмияҳои Ҷамъият дохил намешаванд. 
16. Ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба саҳмияҳои ҷамъият дар сурати аз тарафи ғолиби тендери байналмилалӣ иҷро шудани чунин шартҳо дода мешавад:
- сармоягузорӣ барои рушд, воридот ва насби технологияҳои муосири соҳаи кирмакпаварӣ ва коркарди пилла, нав кардани техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, сохтмон ва таъмири биною иншоот ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии ҷамъият ба маблағи на камтар аз 35,0 млн сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият, аз ҷумла дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият ба маблағи на камтар аз 15,0 млн сомонӣ; 
- зиёд намудани ҳаҷми умумии даромади ҷамъият ба маблағи на камтар аз 30,0 млн сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият, аз ҷумла дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият на камтар аз 12,0 млн сомонӣ;  
- зиёд кардани ҷойҳои корӣ ба миқдори на камтар аз 500 адад дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият; 
- пардохти қарзҳои кредитории ҷамъият ба маблағи 15 748 760 сомонӣ дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии экологӣ. 
17. Харидор ҳуқуқ надорад аз санаи ба даст овардани ҳуқуқи соҳибмулкӣ саҳмияҳои ҷамъиятро ва моликияти онро ба шахсони сеюм фурӯшад ва самти фаъолияти ҷамъиятро тағйир диҳад.
18. Ҷамъият баъди фурӯши саҳмияҳо ҳамкориро бо мақоми ваколатдор дар соҳаи саноат идома дода, маълумотро оид ба фаъолияти худ мунтазам пешниҳод менамояд.
19. Иштирокчиёни тендери байналмилалӣ барои иштирок дар хусусигардонии Ҷамъият маблағи баробар ба 200,0 ҳазор доллари ИМА, бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт ва ё бо асъори хориҷӣ ба суратҳисобҳои зерини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд:
Бо сомонӣ: Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суратҳисоб: 20204972561010100004, Ҳисоби корреспонденӣ: 22402972000002, МФО: 350101800, ИНН: 010010058
Бо доллари ИМА: ба суратҳисоби арзии Credit Suisse Zurich. Switzerland SWIFT:   CRESCHZZ80A Acc: 91223964 National Bank of Tajikistan SWIFT:  NATJTJ 22 Acc: 22696840600010 Ministry of Finanse of the Republic of  Tajikistan.
Пардохти кафолатноки иштирокчии тендер, ки дар савдо ғолиб омадааст ва шартномаи хариду фуруш бастааст, ба ҳисоби пардохтҳои ҳисобшуда оид ба шартномаи хариду фурӯш ҳисоб карда мешавад. 
20. Барои бақайдгирӣ ба ҳайси иштироккунандаи савдо ва иштирок дар интихоби квалификатсионӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин то соати 17.00 рузи 31 январи соли 2019 лозим мебошад:
а) барои ашхоси ҳуқуқӣ: 
- ариза барои иштирок дар савдо;
- асноде, ки пардохт шудани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷатҳои (шаҳодатнома, асноди муассисӣ) тасдиқкунандаи мақоми шахси ҳуқуқӣ, ки дар кишвари бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ, дода шудааст;
- ҳуҷҷате (нусха аз ҳисобномаи бонкии шахси ҳуқуқӣ ва ғайра), ки қобилияти баргардонидани қарзро аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд;
- маълумотнома дар бораи он ки шахси ҳуқуқӣ расмиёти азнавтаъсисдиҳӣ ё барҳамдиҳиро амалӣ намесозад, ки аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда шудааст,;
- ҳуҷҷате (эътимодномаи дар нотариус тасдиқшуда), ки ваколати иштироки намояндаро дар савдо тасдиқ мекунад.
б) барои ашхоси (хусусӣ) воқеӣ:
- ариза барои иштирок дар савдо;
- ҳуҷҷате, ки пардохт шудани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;
- дар мавриди иштироки намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷате (эътимодномаи дар нотариус тасдиқшуда), ки ваколати намояндаи шахси ҳуқуқиро барои иштирок дар савдо тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷате, ки пардохти уҳдадории молиявии шахси воқеиро тасдиқ мекунад. 
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ба таври иловагӣ тарҷумаи аз ҷиҳати нотариалӣ тасдиқгардидаи асноди зикргардидаро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ пешниҳод менамоянд. 
21. Ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ ба ҳайси иштирокчии савдо дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27, утоқи 30 қабул карда мешаванд.   
Маълумотҳои иловагиро бо телефонҳои +(992 37)221-75-50, +(992 37)221-73-83, +(992 37)221-15-33 ё дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас кардан мумкин аст.