Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2018

0
86
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро дар нимсолаи якуми 2018 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ равона намуд.


Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла 25 лоиҳаи грантӣ, 13 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант ба маблағи беш аз 29 млрд. сомонӣ амалӣ гардида истодааст. 

Дар сохтори маҷмӯи лоиҳаҳои татбиқшаванда 53,5 фоизро маблағҳои қарзӣ, 41,4 фоиз маблағҳои грантӣ, 4,4 фоиз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи 1,0 фоизро маблағгузорӣ аз дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ ташкил медиҳад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ин давра маблағи 1,4 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин ба 87 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботии нимсолаи якуми соли 2018 баробар мебошад.

Ҷиҳати амалисозии 7 лоиҳаи афзалиятнок бо шарикони рушд 8 созишномаи нав ба маблағи умумии 2,4 млрд. сомонӣ ба имзо расонида шуд. Дар сохтори молиявии созишномаҳои баимзорасида маблағҳои грантӣ 1,4 млрд. сомонӣ ё 58 фоиз ва маблағҳои қарзӣ 1 млрд. сомонӣ ё ин ки 42 фоизро ташкил медиҳанд.


Созишномаҳои мазкур барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва обёрӣ равона карда мешаванд.

Мутобиқи маълумоти пешакии оморӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ воридоти умумии сармояи хориҷӣ 3,3 млрд сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад.

Аз маблағи умумӣ 1,7 млрд. сомониро сармояи мустақим ва 1,6 млрд. сомониро дигар намуди сармоягузориҳо ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идораи самараноки моликияти давлатӣ низ як қатор тадбирҳои натиҷабахш роҳандозӣ гардид.

Аз ҷумла, баҳри истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ 2127 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 25,1 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд.


Айни ҳол дар сармояи оинномавии 117 ҷамъияти саҳомӣ - 100 фоизи саҳмияҳо, дар 24 ҷамъияти саҳомӣ аз 25 то 95 фоизи саҳм ва дар 4 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди муштарак аз 25 то 51 фоиз ҳисса ба давлат таалуқ дорад.

Аз ҳисоби идоракунии ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии ҷамъиятҳои мазкур аз рӯӣ натиҷаи фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ 2,6 млн. сомонӣ суди саҳмияҳо ворид шудааст.

Дар ин давра бо мақсади татбиқи Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» барои солҳои 2011-2018 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №234 «Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ» дар заминаи 10 ҷамъияти саҳомии кушодаи системаи ШСХК «Барқи Тоҷик» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шуда, айни замон раванди танзими масъалаҳои молу мулкии ҷамъиятҳои таъсисдодашуда идома дорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 аз ҳисоби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 3,4 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2017 – ум 8,6 фоиз зиёд мебошад.

`

Ҷиҳати рушди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ” қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки дар натиҷа, 1930 субъекти соҳибкорӣ аз мораторий бархурдор гардиданд.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва иқдомоти амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2017–ум 5,2 фоиз (15 472 адад) зиёд гардид.

Дар шумораи умумии субъектҳои хоҷагидори мамлакат соҳибкорони инфиродӣ 89,9 фоиз ва шахсони ҳуқуқӣ 10,1 фоизро ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати татбиқи бомароми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 қабул карда шуд.

Ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусӣ ва коҳиш додани санҷишҳо теъдоди мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 25 адад ва шумораи санҷишҳои нақшавӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017-ум 22,6 фоиз кам карда шуданд.


Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ 11 форум ва ҳамоишҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла 6 чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ва 3 чорабинӣ дар хориҷи кишвар баргузор карда шуданд.

Дар доираи ҳамоишҳои мазкур зиёда аз 245 санадҳои ҳамкорӣ маблағӣ зиёда аз 6,7 млн. сомонӣ ва/ё 734,6 млн доллар ИМА ба имзо расонида шуд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва таъмини истифодаи босамари амволи давлатӣ иқдомоти заруриро амалӣ менамояд.