Форуми миллӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор”

0
52
Имрӯз, санаи 19 ноябри соли 2018 дар меҳмонхонаи Хилтони (Шератон) Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ Форуми миллӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони байналмилалӣ, роҳбарони ассосиатсияҳои бонувони соҳибкор ва ВАО иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дарки нақши занон дар ҷомеа ҳамчун иштирокчиёни баробарҳуқуқи фаъолияти иқтисодӣ тавассути рушд ва таҳкими малакаҳои соҳибкорӣ миёни бонувон, аз ҷумла тавассути рушди ҳунармандӣ ва бахши саноати сабук маҳсуб меёбад.
Чорабинии мазкурро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигули Тағо, Роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Пратибха Мехта бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд. 
Инчунин, дар доираи Форум аз ҷониби мушовири калони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ самтҳои минбаъдаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии бонувони соҳибкор, аз ҷониби сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии молиявии бонувони соҳибкор бо грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҷрибаи муваффақи соҳибкорзанон муаррифӣ гардида, аз ҷониби Фируза Носирова муколама дар мавзӯи “Бонувон – нерӯи тавоно” сурат гирифт.
Дар бахши хотимавии намоиши коллексия аз ҷониби Қосиди иродаи нек Умед Кучкалиев манзури иштирокчиён гардида, барои бонувони сабақҳои коршиносон оид ба наққошии маҳсулоти кулолӣ, санъати гулдузӣ ва сабадбофӣ доир карда шуданд.
Ҳамзамон дар намоиши “Дастони пурҳунар” маҳсулоти бонувони ҳунарманд аз шаҳрҳои Кулоб ва Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Лахш ва Бохтар, ки давоми ду моҳ омӯзишҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, борпечонӣ бо истифода аз унсурҳои брендинг, усулҳои пешбурди маҳсулоти худ дар бозор ва роҳандозии шабакаҳои нави фурӯш дар минтақаи худ ва хориҷи кишвар тавассути аз худ намудани меъёрҳои маркетинг ба иштирокчиён пешниҳод гардиданд.
Бонувони ҳунарманд қайд карданд, ки то омӯзишҳо онҳо дар бораи аҳамияти маркетинг барои рушди фаъолияти соҳибкории худ дар самти ҳунармандӣ намедонидстанд. Онҳо изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳо зиёд доир мегарданд ва онҳо донишу малакаҳои азхуднамудаи худро бо шогирдон мубодила менамоянд.