Вохурӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Федератсияи Россия

0
56
Санаи 19 ноябри соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Федератсияи Россия Андрей Кириллович Негуца баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар Ҷумҳурӣ ва инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Молдова иттилоъ доданд.
Инчунин тарафҳо бо мақсади васеъ намудани заминаи қарордодиву шартномавии ду кишвар зарурияти тезонидани раванди мувофиқасозии санадҳои дуҷонибаи дар баррасии ҳарду ҷониб қарордоштаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Тарафҳо бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба зарурияти ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро, ки баргузории он дар нимаи аввали моҳи декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ба нақша гирифта шудааст, муҳим шумурданд.
Ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, бойторӣ, растанипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ, табодули таҷриба, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуд.