Ҷаласа дар мавзӯи "Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон"

0
74
Санаи 26 ноябри соли 2018 таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита муҳтарам Нигина Анварӣ дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавзӯи ташкили “Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон”, ки ҳадафи он муосирнамоии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, баргузор гардид. 
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ оид ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Агентии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,          Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъулон даъват шуданд. 
Бояд қайд кард, ки мақсад аз таъсиси Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ин дар фазои ягона муттамарказ намудани сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳукумати электронӣ мебошад. Дар як вақт марказ фаъолияти соҳибкориро содда намуда, дар навбати худ метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд, ки ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбӣ дорад.