Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

0
125
31 декабри соли 2018 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид доир гардид. 
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шўро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти санҷишӣ, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.
Дар ҷаласа, гузориш оид ба рафти иҷрои Протоколи №3 ва 5 Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, оид ба рафти санљишҳои гузаронидаи мақомоти санљишӣ дар 9 – моҳи соли 2018 шунида, рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ҷиҳати татбиқи қонунгузории соҳаи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод шудааст, инчунин номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2019 ва номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ ва дигар масъалаҳои барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.