Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ бо Роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд

0
122

Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

бо Роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд

Дар толори хурди маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 24 январи соли равон вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмонали Юнусали бо Роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной баргузор гардид.  

Зимни мулоқот ҷонибҳо таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  “Барқи Тоҷик”  ибрози андеша намуданд.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ Фаррух Ҳамрализод иброз дошт, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор рафта, ҳадаф аз ин рақобатпазир будани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза - қувваи барқ мебошад.

Роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной иброз дошт, ки дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.