Дастовардҳои ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

0
61
Санаи 1 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва бо дастгирии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаррифии дастовардҳои ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти вазорату идораҳои масъули давлатӣ, коршиносони байналмилалӣ, роҳбарони ташкилотҳои молиявию қарзӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, мутахассисони соҳа ва рузноманигорон иштирок карданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шомурод оғоз намуда, қайд намуданд, ки дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои чандинсола дар самти татбиқи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ имрӯз бо роҳандозии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва фароҳам овардани заминаи муосири қонунгузорӣ дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд.
Инчунин, ба ҳозирин оид ба фаъол гардидани системаи электронии Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул дар сомонаи www.fehrist.tj ва такмили заминаи қонунгузории ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда маълумоти муфассал пешниҳод гардид. 
Ҳамзамон, дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари намояндагии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баромад намуда, вобаста ба дастгирии молиявию техникии ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”-и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баромад намуд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ ин муаррифии дастовардҳои ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба муқаррароти қонуни нав, низоми нави бақайдгирии амволи манқул ва аҳамияти иқтисодии он, мавриди истифодаи васеъ қарор додани Феҳрасти ягонаи электронии гарави амволи манқул ҷиҳати ҷорӣ гардидани навгониҳои молиявӣ бо истифода аз амволи манқул ҳамчун гарав,  соддагардонии дастрасӣ ба воситаҳои қарзӣ ва эътирофи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маҳсуб меёбад.
Дар рафти чорабинӣ оид ба аҳамияти иқтисодии Феҳрист барои бахши бонкии кишвар аз ҷониби муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло, муаррифӣ ва намоиши кори Феҳрист аз ҷониби директори ҶДММ “ИСТЕРА” Саъдуллоев Инъомҷон  ва инчунин муаррифии таҷрибаи ҳамкории бонкҳои тиҷоратӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда аз ҷониби Роҳбари ҶСП “Спитаменбонк” муҳтарам Самандарзода Навруз баромад карданд.
Баъд аз пешниҳоди гузориш ва муаррифномаҳо бахши саволу ҷавоб ва муҳокимаву баррасӣ сурат гирифт, ки дар он иштирокиёни чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар охир, баъд аз натиҷаи муҳокимаҳо аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шомурод кори мизи мудаввар ҷамъбаст гардида, ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки дастовардҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.