Вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
95
Дар толори хурди маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 22 феврали соли равон вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон баргузор гардид.  
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ ибрози андеша намуданд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Ёсефсон иброз доштанд, ки шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ имконият медиҳад, ки молсодиркунандагони ватанӣ аз ҳуқуқи шароити беҳтари низоми тиҷоратӣ, тавассути коҳиш додани боҷҳои гумрукӣ барои зиёда аз 6400 намуди молҳо дар сатҳи сифр, ки содироташон ба бозори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудааст, истифода намоянд. Ин раванд дастрасӣ ба молҳои Тоҷикистонро барои молистеъмолкунандагони Аврупоӣ хубтар намуда, мутаносибан рақобатпазирии молҳои ватаниро дар ин минтақа қавитар мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бархурдорӣ аз низоми мазкур бояд 27 Конвенсия ва протоколҳои ратификатсиякардаи ҷумҳуриро дар самтҳои ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи меҳнат ва идоракунии самарабахш амалӣ намояд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иброз дошт, ки ҳамроҳшавӣ ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Зеро он рақобатпазирии молҳои содиротшавандаи кишварро дар бозори Иттиҳоди Аврупо афзун гардонида, заминаи солимро барои рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозори Иттиҳоди Аврупо фароҳам меорад. Паст гардидани андозаи миёнаи боҷҳои воридотии гумрукӣ барои молсодироткунандагони кишвар, дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо то ба сифр бевосита ба афзудани қисмати содиротии гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намуда, барои бунёди ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоидати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ хоҳиш карда шуд.