Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади тавсеа ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса

0
62
Санаи 21 феврали соли ҷорӣ дар толори хурди маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, баргузор намудани бизнес форуми соҳибкорон ва дигар масъалаҳо табодули афкор анҷом дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармоя, таъсиси корхонаҳо ва амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак сафари Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2019 дар шаҳри Париж ташкил карда шавад. 
Дар доираи сафари ҳайати мазкур Форуми навбатии соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Фаронса бо иштироки доираи васеи бахши хусусии Тоҷикистон ва намояндагони Ассотсиатсияи ширкатҳои Фаронса – МЕДЕФ Интернейшн, инчунин мулоқоти мустақими онҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, баргузор карда шавад.
Ҷониби Фаронса омодааст ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ ва танзими мулоқоти ҳайат бо мақомоти дахлдор ва Парлумони Фаронса мусоидат намояд.
Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумита шиносномаи 18 лоиҳаи сармоягузорӣ ва Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022 барои баррасӣ ва пешниҳод намудан ба доираи ҳавасманди ҷониби Фаронса дар амалигардонии онҳо ба Сафир манзур карда шуд.