Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Ф. М. бо миссияи Бонки Осиёгии Рушд

0
76
Санаи 4 марти соли 2019 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Ф. М. бо ҳайати Бонки Осиёгии Рушд (БОР) таҳти роҳбарии Фаррух Раза - сардори шӯъбаи идоракунии лоиҳаҳои Намояндагии доимии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ асосан масъалаҳои вобаста ба омодагӣ барои баргузории ҷаласаи навбатии Шарҳи амалисозии маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои муштараки сармоягузории БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, баррасӣ гардиданд.
Тавре роҳбари ҳайати БОР қайд намуд, аз санаи 4 то 19 марти соли ҷорӣ миссияи бонк вобаста ба баргузории чорабинии болозикр ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии миссия ин дар якҷоягӣ бо мақомоти марбутаи кишвар, агентиҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳаҳо арзёбӣ намудани рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории БОР дар Тоҷикистон дар соли 2018, таҳлили раванди иҷрои Нақшаи амал вобаста ба натиҷаи Шарҳи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории бонк, муайянсозии масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилоти дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи Нақшаи амали нав барои беҳтар намудани рафти амалисозии лоиҳаҳо, ба шумор меравад.
Тибқи нақшаи пешниҳодгардида аз 4 то 11 март вохӯрии миссияи бонк бо агентиҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳаҳо аз руи бахшҳои алоҳида сурат гирифта, санаи 19 март ҷаласаи якҷоя бо иштироки тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони БОР, баргузор карда мешавад.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба рафти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии хешро ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани раванди татбиқи лоиҳаҳо, изҳор доштанд.