Иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои шарикони рушд

0
46
Санаи 28 феврали соли 2019 ҳайати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раис - Анварӣ Нигина дар кори ҷаласаи Шӯрои шарикони рушд, ки дар толори дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ муовини Раис аз вазъи кунунии ҳамкорӣ бо шарикони рушд бар асоси саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, афзуд, ки дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи моликият, соддагардонии расмиёти бақайдгирии фаъолияти субъекти соҳибкорӣ, дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ, коҳишёбии миқдори ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, батанзимдарории низоми санҷишҳо ва инчунин ташкили муҳити боэътимод ва пешгӯишаванда барои фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ ислоҳоти муҳим татбиқ гардида, тадбирҳои муассири ҳадафрас зиёд гардида истодаанд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби ҳайати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони шарикони рушд рӯнамо дар мавзӯи “Раванди фаъолияти Муассисаи навтаъсиси давлатӣ “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” ва “Тақвият бахшидан ба фаъолияти низоми иттилоотии идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ” пешкаш ва муаррифӣ карда шуд.
Ҷониби шарикони рушд ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманди тарафайн дар самти мавзӯҳои муаррифшуда изҳори ҳавасмандӣ намуда, ба пайгирии минбаъдаи ин иқдомҳо афзалият зоҳир намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ  муовини Раис - Анварӣ Нигина қайд намуд, ки беҳтаркунии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, татбиқи иқдомҳои аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифшуда барои рушди минбаъдаи кишвар мусоидат менамоянд.