Ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ

0
86
Санаи 3 апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ иштирок варзида, масъалаҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид оғоз намуда, иброз намуданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 19-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иброз намуда буданд, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбии ташкилотҳои байналмилалӣ вазорату идораҳои давлатиро мебояд тадбирҳои заруриро андешида, татбиқи босифати ислоҳотҳои қабулгардидаро таъмин намоянд.
Сипас, аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд муаррифнома оид ба тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ пешкаш карда шуд. Нахуст доир ба мавқеи Тоҷикистон аз рӯи даҳ нишондиҳандаи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” (бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти қувваи барқ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ, андозбандӣ, таъмини иҷроиши қарордод, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ) дар муқоиса бо давлатҳои минтақа маълумот дода шуд. 
Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ислоҳотҳои муҳим амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ғайра. Дар натиҷаи ислоҳотҳои гузаронидашуда саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамалакат 70 % ташкил дода, 67% фоизи аҳолии қобили меҳнатро ба шуғл таъмин намуда ва 80% пардохтҳои андозиро ташкил медиҳад.
Бинобар мавҷуд будани рақобати шадид дар минтақа, аз ҷониби кишварҳои минтақа гузаронидани ислоҳотҳои ҷадид дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ поён рафтааст. Дар соли 2019 мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур 3 зина поён рафта, аз ҷойи 123-ум дар соли 2018 ба 126-ум дар соли 2019 паст гардид. Дар соли 2019 ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои гирифтани иҷозат барои сохтмон 1 зина, тиҷорати беруна 1 зина, ҳалли пардохтпазирӣ 2 зина боло рафта, аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ 3 зина, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти қувваи барқ 2 зина, бақайдгирии моликият 1 зина, дастрасӣ ба қарз 2 зина, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ 5 зина, андозбандӣ 4 зина ва таъмини иҷроиши қарордод 7 зина поён рафтааст. 
Бинобар ин, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, идомаи ислоҳот дар ин самт зарур мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорату идораҳо бояд бо бахши хусусӣ ҳамкориро зич намуда, ислоҳотҳои гузаронида шударо ба онҳо муаррифӣ намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба роҳбарони вазорату идораҳои масъул доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти татбиқи ислоҳотҳои минбаъда дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ супоришҳои қатъӣ доданд.