Баргузории давраи омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳлили лоиҳаҳо ва маблағгузории онҳо”

0
70
15 апрели соли 2019 ҷиҳати такмили донишу малакаи кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти таҳия ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағгузории онҳо дар Кумитаи давлатии сармоягузоӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи “Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёти деҳот барои беҳбудии аҳолӣ” (TRIGGER)-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия (GIZ) давраи омӯзишӣ баргузор гардид.
Баргузории давраи омӯзишӣ аз 15 то 19 апрели соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.
Дар раванди давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён малакаи таҳия ва арзёбии лоиҳаҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии маблағгузории лоиҳаҳо, таҳлили иқтисодии лоиҳаҳо, таҳлили молиявӣ ва андозии лоиҳаҳо, таҳлили ҳассосияти модели молиявии лоиҳа ва муайян намудани хавфҳои вобаста ба лоиҳа омузонида мешавад.