Маҳфили “Соҳибкорони созанда”

0
42
Санаи 3-юми майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Данғара, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳфили “Соҳибкорони созанда” бо иштироки намояндагони масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорону сармоягузорон, ҷавонон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти ноҳияи Данғара баргузор гардид. 
Нахуст сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот оғоз гардида, ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки ташаббуси амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ басо иқдоми саривақтӣ буда, бозгӯи таваҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ мебошад. Ӯ ҳамзамон талошҳои масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идорами амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ба таври самаранок пиёда сохтани ин ташаббус изҳори сипос намуд.
Дар раванди маҳфил аз ҷониби масъулин маълумоти мушаххас оид ба ҳадафу вазифаҳои Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, инчунин ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ муаррифӣ гардида, аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри рушди малакаҳои соҳибкории худ бо Муассиса ҳамкории  зич дошта бошанд.
Аз ҷумла, миёни Муассиса ва раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати ба таври мунтазам ба роҳ мондани тренингҳои интенсивӣ барои соҳибкорони ҷавон бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба дар базаи донишгоҳ мувофиқа ҳосил шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳудуди 350 нафар соҳибкорон ва ҷавонони фаъоли Донишгоҳи давлатии Данғара иштироки фаъолона намуда, ҳамчун ҳусни ният ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда бо Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” суолҳои зиёдеро ба миён гузоштанд. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки аксаран таваҷҷӯҳ ба соҳиб шудан ба касби соҳибкорӣ доранд.
Баъди ҳар як маърузаю рӯнамоҳо байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавобҳои зиёд, музокирот ва табодули афкор, гирифтани маълумот вобаста ба омўзиши таҷрибаи беҳтарин ба роҳ монда шуд, ки ниҳоят муфид, самарабахш ва шавќовар арзёбӣ гардид.