Нахустин платформаи умумии бо номи “Бизнес Портал”

0
25
    КВД “Тоҷинвест” барои соҳибкорону сармоягузорон нахустин платформаи умумии бо номи “Бизнес Портал”-ро ба роҳ мемонад.
Рушди иқтисодӣ ва навгониҳо ҳамеша муҳаррикони асосии афзоиши роҳи ҳали масъалаҳо дар тиҷорат ба ҳисоб меравад. Дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳи веб-мутахассисон КВД “Тоҷинвест” нахустин платформаи умумии бо номи “Бизнес Портал”-ро барои соҳибкорону сармоягузорон таҳия намуда, мавриди истифода қарор медиҳад.
   Моҳи марти соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи “300 рӯзи таҳаввулот барои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” қабул намудааст, ки ба тақвият додани идоракунии соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон, дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин беҳ намудани диалоги (муколимаи) давлатӣ-хусусӣ ва ҷалби сармояҳо равона шудааст.
Барои иҷрои ин масъалаҳо хулоса оид ба созмон додани портали тиҷоратии онлайнӣ қабул гардид. Мақсади лоиҳаи Б2Б (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) ташаккули портали иттилоотии миллӣ бо мақсади роҳандозии бизнес, ҳавасмандгардонии содирот ва пешбурди сармоягузориҳо маҳсуб меёбад.
   Портали мазкур барои ҷӯстуҷӯи шарикони нав, пешбурди маҳсулотҳои худ, чи дар дохили Тоҷикистон, чи берун аз кишварро имконият медиҳад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф кулли фазои иқтисодӣ барои сармоягузорон нишон дода мешавад. Ин раҳнамои тиҷорат барои пайдо кардани ошноӣ бо бахши сармоягузорӣ ва имкониятҳо дар Тоҷикистон кӯмакрасон хоҳад буд.
  Макони мазкур ба тамоми талаботҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ хоҳад буд. Симои (интерфейси) мувофиқи портал кори соҳибкоронро содда мегардонад ва онҳо метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасонии худро ба қайд гиранд. Ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ дар портал мегарданд, ки ин имконияти пайвастшавӣ ба интернет бидуни лозимияти созмон додани сомонаи махсус медиҳад.  Портали мазкур ширкатҳои ба қайд гирифта шударо бо дастгирии машваратӣ таъмин менамояд. Ин дастгирӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешавад – ҳуқуқӣ, машварат дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва ба роҳ мондани бизнес дар умум. Платформа маълумоти лозимаро оиди тамоми паҳлуҳои бурдани тиҷорат, маълумотҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар бар мегирад. Ҳамзамон портал дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони дохилӣ ва хориҷӣ кор ва фаъолият мебарад.
   Дар заминаи портали мазкур маҷаллаи “Тиҷорати Тоҷикистон” ба таври электронӣ ва қоғазӣ барои паҳн кардан чи барои аҳолии маҳаллӣ, чи барои корхонаву ширкатҳои хориҷӣ нашр мешавад.
Инчунин, тариқи портал дарҳо ба сарчашмаҳои дорои маълумоти лозима барои тиҷорат, бахусус ба сарчашмаҳои тахассусӣ, боз мешавад.  
  “Мо боварӣ дорем, ки лоиҳаи мазкур ба соҳибкорони ватанӣ имкониятҳои нав медиҳад. Бо истифодаи технологияи муосир, мо тасмим гирифтаем, ки кори ҳавасмандонро дар ҷустуҷӯи маълумоти лозима оиди ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо содда гардонем, инчунин ҳамкориҳои мутақобиларо миёни корхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монем” – қайд намуд роҳбари КВД “Тоҷинвест” Хуршед Мирзо.
   Портали тиҷоратӣ (Бизнес-Портал) ин василаи муосир дар дасти соҳибкорон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
    Оғози кори портал дар нимаи дуюми моҳи июн ба нақша гирифта шудааст.