Ифтитоҳи майдончаи варзишию бозиҳои кӯдакона

0
126
Субҳи 21 июни соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Душанбе боз як иқдоми хайр, ки ба ободонии пойтахт нигаронида шудааст, ба сомон расид. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф тасдиқ гардидаст, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони майдончаи варзишию бозиҳои кӯдакона ва тавоққуфгоҳи мошинҳо дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонӣ байни хонаҳои 115, 119 ва 123 ба итмом расонид. 



Дар ифтитоҳи иншооти мазкур намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокикмияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи исмоилии Сомонӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва сокинони маҳали мазкур иштирок намуданд. Хурсандии наврасон ва кӯдакон ҳадду канор надошт.

Кумита дар якҷоягӣ бо КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе лоиҳаи ангоравии сохтмони майдончаи варзишӣ, лоиҳаи корӣ, нишондодҳои техникӣ ва иқтисодӣ, харҷнома, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба корҳои сохтмониро омода намуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо ҶДММ «Маркази дизайнерии «Модерн» шартномаи корӣ ба имзо расонид.


Масоҳати умумии майдончаи варзишию бозиҳои кӯдакона ва таваққуфгоҳи мошинҳо бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба Нақшаи асосии сохтмонӣ 0,47 га-ро ташкил дода, ба маблағи зиёда аз 1,2 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Барои зебову рангин гардонидани гирду атрофи иншоот зиёда аз 600 дарахти ҳамешасабзи сояафкан шинонида шуда, дар канори роҳраву гулгаштҳо зиёда аз 5 ҳазор гулҳои мавсимӣ ва гулбуттаҳои ороишӣ  шинонида шуданд. 

Дар баробари ин ду айвончаи суҳбатороӣ сохта шуда, барои 30 адад воситаи нақлиёт дар масоҳати 750 метри мураббаъ таваққуфгоҳ мумфарш карда шуда, дар гирду атрофи майдоичаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона чароғакҳои равшанидиҳанда насб ва деворҳои оҳанӣ сохта шуданд. Бағайр аз ин, пиёдароҳҳо, роҳравҳо ва назди бинои истиқоматӣ бо тахтасангҳои ороишӣ оироиш дода шуда, қисми берунаи хонаи истиқоматии гирду атроф таъмир ва рангубор карда шудааст.



Бояд қайд кард, ки иншооти варзишии сохташаванда аз майдончаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва дигар иншооти фаръиву ёрирасони истироҳативу варзишӣ иборат буда, аз лиҳози шаклу сохт ва унсурҳои хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯи талаботи шаҳрсозии муосир буда, дар он барои истироҳату фароғати сокинони ин маҳалҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.



Қайд кардан бомаврид аст, ки ин майдончаи сеюм мебошад, ки аз ҷониби Кумита сохта ба сокинони пойтахт ҳадя карда шудааст. Дар соли 2017 мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ гардидааст, сохтмони 2 адад майдончаи варзишӣ дар қисмати ҷанубию ғарбии шаҳраки 101-и ноҳияи Сино ва шаҳраки 63-и ноҳияи Фирдавсӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.