Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

0
52
Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” №700 аз 25 марти соли 2011 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1545 аз 29 январи соли 2010 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраргардида таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст.Намуди МОИ «Ишкошим» - Истеҳсолию тиҷоратӣ буда ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст.

Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2010 ва №1545 аз 20.01.2010 тасдиқ гардиданд.

МОИ Ишкошим дар чорраҳаи седавлат Чин(Қошғар) – Тоҷикистон (Ишкошим) –Афғонистон (Файзобод) – Қирғизистон (Ош) мавкеъ гирифтааст ва дар оянда барои соҳаи соҳибкории ин давлатҳо метавонад ҳамчун маркази ҳамоҳангсози хизмат намояд. Аз ҳамкори бо МОИ Ишкошим соҳибкорони ҳар ду соҳили дарёи Панҷ Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон фоида хоҳанд дид. Чунончи ҳозирин вақт тамоми молу маҳсулот тавассути Покистон дастарси Афғонистон мегардад, ки ин роҳ кариб як моҳро дар бар мегирад. Тавассути Ишкошим бошад ин роҳ бамаротиб кутоҳ мегардад. Аз сарҳади Чин то МОИ Ишкошим ҳамаги 2 руз роҳро дар бар мегирад.

Ноҳияи Ишкошим яке аз ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдасттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, бо хусусиятҳои хоси худ аз дигар минтақаҳои кишвар ба куллӣ фарқ мекунад. Ноҳия яке аз минтақаҳои зеботарини Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо табиати асрорангез, чашмаҳои гарму шифобахш дар ҷумҳурӣ машҳур гардидааст.

Мавҷуд будани бузургтарин чашмаҳои гарм ва чашмаҳои минералӣ аз қабилӣ: Гармчашма, Биби Фотимаи Зӯҳро,Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Ямчун, Вранг, Ширгин, Зонг ва ғайра диққати бештари сайёҳонро ба худ ҷалб намуда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа заминаи воқеъӣ мегузорад. Солҳои охир ба инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳия диққати махсус дода шуда, он ба яке аз марказҳои рушдёфтаи ҷумҳуриявии соҳаи туризми табобативу фароғатӣ табдил ёфта истодааст. Инчунин, дар қаламрави ноҳия аз канданиҳои фоиданок сангҳои қимматбаҳо (яке аз машҳуртарин кони “Куҳи Лаъл”, ки дар он санги киматбаҳои “Лаъл“(Благородный Шпинел) истихроҷ мешавад дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд мебошад, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.