Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ

0
90

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва сохтори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ ба миқдори 20 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      

Э. Раҳмонов


аз 3 марти соли 2007 № 106

ш. Душанбе


Замимаи 1 

Бо қарори Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 3 марти соли 2007 № 106 

тасдиқ шудааст


Низомномаи Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ


I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ (минбаъдХадамот), назорат ва санҷиши истифодаи мақсаднок ва нигаҳдории моликияти давлатиро, ки ба корхона ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин мувофиқи тартиби муқарраргардида ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудаанд, амалӣ менамояд.

2. Хадамот дар фаъолияти худ ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Хадамот дар Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) воқеъ мебошад.

4. Хадамот фаъолияти худро якҷоя бо Кумита ва ё мустақиман дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.


II. Ваколатҳо

5. Хадамот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайлро анҷом медиҳад:

- таъмини назорат ва санҷиши ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ба корхона ва муассисаҳои давлатӣ вобаста мебошанд, инчун мувофиқи тартиби муқарраргардида ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дода шудаанд;

- назорати риояи тартиби дурусти баҳисобгирӣ, сари вақт гузаронида азнавнархгузорӣ ва барӯйхатгирии (инвентаризатсия) амволи давлатӣ;

- назорат аз рафти иҷроиши шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ ва пардохти саривақтии маблағи иҷора;

- назорат аз рафти истифодаи мақсадноки фондҳои давлатии манзилӣ ва хобгоҳҳо;

- назорати риояи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии корхонаву муассисаҳои давлатӣ, инчунин риояи тартиби муқарраргардидаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки аз ҳисоби аз эътибор соқит намудани онҳо ба нуқтаҳои қабули оҳанпора супорида мешаванд;

- назорати амволи корхонаву муассисаҳои давлатие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамуда ба реҷаи боздошти муваққатӣ (консерватсия) гузаронида шудаанд;

- қабули шаҳрвандон, пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон қабули қарор оид ба онҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;

- ташкили омодагии касбии кормандони Хадамот, такмили ихтисос, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо, инчунин тайёр намудан ва такмилдиҳии касбии мутахассисон дар масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Хадамот;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Хадамот ба вуҷуд меоянд;

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбути соҳаи фаъолияти Хадамот ва пешниҳоди онҳо ба Кумита барои баррасии минбаъда дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки аз тарафи Кумита ба зиммаи Хадамот гузошта мешаванд.

6. Хадамот бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

- бо ризоияти Кумита ва тибқи тартиби ҷорӣ амволи давлатиро ба иҷора диҳад ва истифодаи судманди онро назорат кунад;

- бо ризоияти Кумита таҳлил ва назорати ҳисоби дуруст ва пардохти дивидендҳо, инчунин дигар маблағҳои вобаста ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд аст, анҷом диҳад;

- тибқи қонунгузории ҷорӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамуда санҷиши субъектҳои хоҷагидорро оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи амволи давлатӣ амалӣ менамояд;

- ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайриқонунӣ истифодабарии амволи давлатӣ, истифодаи онро то ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор, боздорад;

- ба субъекти хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои қонунӣ ва асосноки иҷрояшон ҳатмиро диҳад;

- нисбати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба нигаҳдорӣ ва самаранок истифодабарии моликияти давлатӣ, пешниҳодот таҳия намояд.


III. Ташкили фаъолият

7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Кумита тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8. Воҳидҳои сохтории Хадамот аз раёсатҳо ва бахшҳо иборатанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо шомиланд.

9. Сардор:

- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом медиҳад;

- фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошанд;

- сардор муовин ва кормандонро дар мувофиқа бо Кумита, тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- байни кормандони Хадамот вазифаҳоро тақсим мекунад;

- ба кормандони Хадамот супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- ҷадвали штатии Хадамотро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқарраршуда, инчунин сметаи хароҷоти нигаҳдошти Хадамотро дар доираи маблағгузории тасдиқшуда барои давраи дахлдор таҳия намуда, барои баррасӣ ба Кумита пешниҳод менамояд;

- нақшаи кории Хадамотро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Кумита пешниҳод мекунад;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Хадамот ҳал менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамотро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

10. Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

11. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот - шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 44 мебошад.


Замимаи 2 

Бо қарори Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 3 марти соли 2007 № 106 

тасдиқ шудааст


Сохтори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ

Роҳбарият

Раёсати назорати нигаҳдорӣ ва самаранок истифодабарии амволи давлатӣ

Раёсати баҳисобгирӣ ва таҳлил

Шӯъбаи назорати истифодаи амволи давлатӣ

Шӯъбаи назорати иҷроиши шартномаҳои иҷораи амволи давлатӣ

Бахши молия ва хоҷагидорӣ