Металли сиёҳ ва ранга

0
72

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга


Ҷиҳати иҷрои моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга", бо мақсади муҳайё кардани шароит барои ба муомилоти хоҷаги ворид намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, нигоҳдори ва сарфа кардани захираҳои ашёи хом, таъмин намудани амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қоидаҳои замимашудаи фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга тасдиқ карда шаванд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон       

Э. Раҳмонов


аз 4 марти соли 2005 № 105


Бо қарори Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 4 марти соли 2005 № 105 

тасдиқ шудааст


Қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга 

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)


Қоидаҳои мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга" таҳия шуда, тартиби ҷамъовари, нигоҳдори, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеи муқаррар менамоянд.


I. Тартиби амали гардонидани фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

1. Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, инчунин коркарди онҳо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти ҷамъоварандагон, супорандагон ва истифодабарандагони амволи металлдору партовҳои истеҳсолотро таҳти назорат мегирад.

2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки фаъолияти ҷамъоварии (захира намудан, харид, коркард, ҳосилкуни, нигоҳдори ва фурӯхтани) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ба амал мебароранд, бояд соҳиби иҷозатнома (литсензия) бошанд.


II. Талаботҳои техникӣ ва эмин гардонидан аз хатари таркиш

3. Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз рӯи номгӯи металлҳо, мувофиқи хосиятҳои физики - ба синфҳо, мувофиқи таркиби кимиёви аз рӯи ГОСТ - ба гурӯҳҳо ва намуди хӯлаҳо, мувофиқи нишондодҳои сифати - ба навъҳо тасниф карда мешаванд.

4. Барои пораву партовҳои ҳамаи гурӯҳу навъҳо андозаҳо аз рақамҳои зерин набоянд гузаранд.

- қутиҳои 400х400х700мм, бастаю ғалтакҳо 400х700мм. Андозаи ҳадди аксари пораҳои алоҳида дар яке аз ченкуниҳо ба истиснои андозаи баъзе намудҳои пораву партовҳо, аз 1000 мм бояд зиёд набошад.

Андозаи ҳадди аксари баъзе пораву партовҳои пастсифат аз 1000х1000х2000мм бояд зиёд набошад.

Дар мувофиқа бо қабулкунанда аз андозаҳои дар боло зикршуда зиёдтар супоридани пораву партовҳо мумкин аст.

5. Биноҳои истеҳсоли ва ҷойҳои нигоҳдории моддаҳои таркишовар бояд ба талаботҳои бехатарии сӯхтор аз рӯи ГОСТ-и 12.1.004-85 мувофиқат карда, бо нишонаҳои ,оташангез, аз рӯи ГОСТ-и 12.4.0099-83 ва огоҳкунаки хатари сӯхтор ҷиҳозонида шуда бошанд.

6. Дар ҷойҳое, ки хатари эҳтимоли ба вуҷуд омадани моддаҳои заҳролудкунанда, чангу ғубори таркишовар ва моддаҳои оташангез эҳтимол аст, бояд мувофиқи ГОСТ-и 12.4.021.-75 бинои истеҳсоли бо таҷҳизоти ҳавотозакунанда ҷиҳозонида шуда, он аз манбаъҳои сӯхтор, таркиш ва оташи кушода ҷудо ва бо талаботҳои санитари-гигиени нисбат ба ҳавои ҷойи кори мутобиқи ГОСТ-и -12.1.00 5-76 ва ҳавоногузар будани дастгоҳҳо мувофиқ бошад.

7. Ҳангоми нигоҳдошт ва интиқоли пораву партови металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳо бояд барои пешгирии пошхӯрию рехтани моддаҳои заҳролудкунанда ва таркишовар чораҳо андешида шавад.

8. Истифодабари, безараркуни ва нобуд сохтани моддаҳои зарарнок бояд мувофиқи қоидаҳои тасдиқкардаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шаванд.

9. Оҳанпорае, ки шахсони ҳуқуқи ва воқеи месупоранд, бояд аз ҷиҳати хатари таркишовари санҷида шуда аз он маводҳои таркишовар дур шуда бошанд.

10. Оҳанпора ва маводҳои безараргардида бояд ба талаботҳои зерин мувофиқ бошанд:

- ҷиҳозоти таркишовар ва воситаҳои таркиш бояд дар шакли парокандаги, аз зарядҳо, шарорагирон ва борут ҷудо бошанд;

- гилзаҳои артилери ва милтиқи бояд аз пистонакҳо ва фонаҳои зарбаи галвани холи бошанд ва боқимондаи боруту пистонҳои нопаронда надошта бошанд;

- даруни зарфу ғунҷоишҳо ва дигар воситаҳои ковок бояд аз маводу моеъҳо ва намию ях озод бошанд;

- даруну беруни зарфҳои ковок бояд барои муоина намоён бошанд, бо ин мақсад сарпӯш ва қаъри онҳо сӯрохиҳои иловаги дошта бошанд;

- партовҳои ҳавопаймо ва техникаи ҳарби аз маводҳои сӯзишвори, равғанҳои молидани, моеъҳо, тиру тӯфанг, зарфҳои ковок ва ҷузъҳои таркишовар бояд озод бошанд;

- муҳаррикҳои ракети, газогенераторҳои борути ва аккумуляторҳои борутии фишори баланд бояд аз пиропатронҳо, зарядҳои борути, оташгиронакҳо ва дигар элементҳои таркишовар холи бошанд;

- ҳамаи амалиётҳо вобаста ба таъминоти бехатарии таркиши оҳанпора бояд бо иштирок ва роҳбарии пиротехники тайёрии махсус дошта гузаронида шаванд.

11. Тамоми корҳои ҷудокуни, ҳамлу нақл ва безараргардонии маводҳои таркишовар ғайр аз туфангҳое, ки безарар гардонида нашудаанд, бояд аз ҷониби коргарони махсус омӯзонидашудаи шаҳодатномадор ва бо роҳбарии намояндаи мақоми назорати техники ба амал бароварда шаванд.

12. Бор кардани оҳанпора танҳо баъди аз он дур кардани ҳамаи маводҳои таркишовар иҷозат дода мешавад.


III. Қоидаҳои қабулкунӣ

13. Пораву партовҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хулаҳо аз рӯи гурӯҳҳо қабул карда мешаванд.

Гурӯҳ бояд аз пораву партовҳои як номгӯйи металл, як синф, як гурӯҳ ё намуд, як навъ иборат буда, бо як ҳуҷҷат ба расмият дароварда шавад. Ҳаҷми гурӯҳҳо маҳдудият надорад.

14. Пораю партовҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хулаҳои як металл, як синф, як гурӯҳ ё навъи хула бояд бо пораву партовҳои металлҳо ва хулаҳои дигар металлҳо, синфҳои дигар, гурӯҳҳои дигар ва навъи хулаҳо омехта набошанд.

Қабули пораю партовҳои омехта ба истиснои пораю партовҳои титан ва хулаҳои титан бо розигии қабулкунанда рухсат дода мешавад.

15. Пора ва партовҳои металлҳои ранга ва хулаҳое, ки қабатпӯши хром, никел, кадмий доранд, ҷиҳозу пораҳои бо нуқра қабатпӯшшуда бо нишондоди маводи қабатпӯш ба таври алоҳида супорида мешаванд.

16. Қабули пораву партови металлҳои сиёҳу ранга ва хулаҳои ҳамаи таснифҳо, гурӯҳ ва навъҳо мувофиқи вазни холиси металл ба амал бароварда мешавад. Вазни холисро ҳамчун фарқияти байни вазни ғайри холис ва вазни ҷилдию ғализи муайян мекунанд.

17. Миқдор ва арзиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангае, ки аз ҳисоби моликияти давлати ба нуқтаҳои қабули оҳанпора супорида мешаванд, мутобиқи нархҳои биржави бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.


IV. Коркардӣ пора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

18. Коркарди пора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро корхонаҳои махсусгардонидашудаи металлурги ва истеҳсоли-ҷамъоваркунанда, ки мувофиқи тартиби муқараршуда ба қайд гирифта шудаанд ва барои чунин фаъолият иҷозатнома доранд, ба амал мебароранд.

19. Фаъолияти хоҷагии корхонаҳои коркарди пора ва партовҳои металлҳои сиёҳу ранга аз тайёр намудани металлпора (ба навъҳо ҷудокуни, бурриш, майдакуни, исканҷа кардан, ба қолаб даровардан ва гудозиш) барои минбаъд ҳамчун ашёи хом дар истеҳсолоти металлурги истифода бурдани онҳо иборат аст.

20. Корхонаҳои коркарди пора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ӯҳдадоранд;

- меъёр ва қоидаҳои экологи, санитари-гигиени, эпидемиологи ва зидди сӯхторро риоя кунад;

- биноҳои ҷиҳозонидашуда (майдонҳо) ва иқтидорҳои вобаста ба ҷамъовари ва коркарди пора ва партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга дошта бошанд;

- истеҳсолотро аз таҷҳизоти технологии ҷавобгӯи меъёрҳо ва талаботҳои техники ва захираи (мувофиқи меъёрҳо) ашёи хом, мавод ва дигар воситаҳо таъмин намоянд;

- барои кор дар таҷҳизоти муқарраршуда мутахассисони аз санҷиш гузаронидашударо, ки ҷавобгӯи меъёр ва қоидаҳои амалкунанда мебошанд, ҷалб намоянд.


V. Усулҳои озмоиш

21. Озмоиши намуди беруни ва навъҳо бо тариқи муоина гузарорнида мешавад. Таркиби кимиёви аз тариқи дастгоҳои спектрали, реаксияҳои чакраги ё таҳдили лаборатори муайян карда мешавад.

22. Пораю партови металлҳои сиёҳу ранга ва хулаҳо аз таҳияи лаборатори ё гудозиш гузаронида шуда, муайян намудани ғализи ва таркиби кимиёвии он мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникие, ки бо тартиби муайян тасдиқ шудаанд анҷом дода мешавад.

23. Муайян намудани вазн ва андозаи пораю партовҳо ба воситаи ченкуни ва баркашидан ба анҷом расонида мешавад.

24. Санҷиши дурустии таснифоти пораю партови металлҳои сиёҳу ранга ва хулаҳо, ба гурӯҳ ва намуду навъҳо ҷудо намудани онҳо дар лабораторияҳои муассисаи қабулкунанда гузаронида шуда, натиҷаи ин озмоиш барои қабул ва ҳисоббаробаркуни ҳамчун асос хизмат менамояд.

25. Ҷойивазкунии пораву партовҳои металҳои сиёҳу ранга аз нуқтаҳои қабул ба корхонаҳои коркардкунанда танҳо дар мавриди мавҷудияти борхати нақлиёти ва дар он қайд гардидани бехатарии радиациони ва таркиш анҷом дода мешавад.


VI. Дастабандӣ, ҳамлу нақл ва нигоҳдошт

26. Ҳангоми ҷамъовари дастбанд ё лӯлапечи пораву партовҳо бояд аз 3 ҷой зиёд набошад.

27. Пораву партови металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳо дар тамоми намудҳои нақлиёт бе дастабанди дар контейнерҳои истифодабарии умумии ГОСТ-и 18477-79 ҳамлу нақл карда мешаванд.

28. Партовҳои симобдор дар зарфҳои ҳавоногузар, ки муҳофизати маводро таъмин карда метавонанд, дастабанди мешаванд. Зарфе, ки маводи симобдор дастабанди шудааст, аз металли фаъолияташ нисбат ба партовҳои дохили он баландтар бояд сохта шуда бошад.

29. Агар нақлиёт аз як намуди партови металл пур набошад, ба он намудҳои дигари металлро ҳамроҳ кардан мумкин аст. Ҳангоми пурра намудани нақлиёт, бояд дар бобати бо ҳам омехта нагардидани металлҳои боршуда чораҳо андешида шаванд.

30. Дар ҳолате, ки ҳаҷм ва миқдори пораю партовҳо дар қатораҳои нақлшаванда пурра бошад ва бо навъу гурӯҳҳо мувофиқат кунад, ғайр аз навъҳои пастсифат онҳо бевосита ба корхонаи металлурги фиристода мешаванд.

31. Пораву партовҳои металҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳо мувофиқи таснифот, гурӯҳҳо ва навъҳо дар зарфҳо ва дар майдонҳои асфалт ё бетонпӯшшуда, ки барои ҷоришавии равған, об ва дигар моеъҳо мувофиқанд, нигоҳ дошта мешаванд.

32. Пораву партовҳои металҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳо, ки барои коркарди аввала эҳтиёҷ доранд ва пораи металҳои хумдонҳо инчунин дигар партовҳои ҳаҷман хурд дар майдонҳои кушода нигоҳ дошта мешаванд.

33. Пораву партовҳои металҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳо баъди коркарди авалия дар қуттиҳо, амборҳо ва контейнерҳое, ки синф, гурӯҳ, навъ ва намуди партов аниқ навишта шудааст нигоҳ дошта мешаванд.

Нигоҳдошти пораву партовҳо баъди коркарди авалия дар майдонҳои кушода танҳо дар мӯҳлати на бештар аз 10 (даҳ) шабонарӯз мумкин аст.


VII. Ташкили тартиби баҳисобгирӣ ва манбаи маълумотҳо

34. Ташкили тартиби баҳисобгири ва манбаи маълумотҳо ба зиммаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати гузошта мешавад.

35. Шахсони ҳуқуқи ва воқеи вазифадоранд, ки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи ҳар як пункти қабулу нигоҳдории онҳоро ба ҳисоб гиранд. Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд. Маълумотҳои оид ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга қабул шуда, дар дафтари қайд, санадҳои қабулу супоридани оҳанпора ва дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибави бо тартиби муқарраргардида сабт карда мешаванд.

36. Баъди қабули пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳама навиштаҷотҳо дарҳол дар дафтари баҳисобгири сабт мешаванд. Дар зери ҳар як тасҳеҳу ислоҳоти дафтар шахси масъули қабулкунандаи пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга имзо намуда, шахси ҳуқуқи ва воқеие, ки барои чунин фаъолият иҷозатнома дорад, мӯҳр мегузорад. Дар дафтар сатри холи гузоштан мумкин нест. Ҳар рӯз дар охири кор натиҷаи якрӯзаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга хатти ҷамъбаст карда мешавад. Тартиби пур кардани дафтари баҳисобгириро мақомоти ваколатдор муайян мекунад.

Дафтари пуршудаи баҳисобгири дар давоми се сол нигоҳ дошта, пас аз он ба бойгони супорида мешавад.


VIII. Масъулият нисбати риоя нагардидани Қоидаҳои мазкур

37. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.