Иҷора

0
90

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397, аз 04.11.1995 № 126, аз 09.12.2004 № 65)


ФАСЛИ 1. ИҶОРА. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИҶОРА


Моддаи 1. Иҷора

Иҷора ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос беҳтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.

Иҷора дар асоси шартнома ба мӯҳлати муайян бо подош ихтиёрдорӣ ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табиӣ, корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хоҷагӣ ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.


Моддаи 2. Қонунҳои оиди иҷора

Муносибатҳои иҷоравиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур ва дигар актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).


Моддаи 3. Соҳа ва обьектҳои иҷора

Иҷора дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.

Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:

а) замин ва дигар захираҳои табиӣ;

б) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияҳо, истеҳсолот, цехҳо ва дигар соҳаҳои корхонаю ташкилотҳо, ҳамчунин комплексҳои ягонаи молу мулки фондҳои истеҳсолӣ ва дигар сарватҳо;

в) биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом, дигар сарватҳои моддӣ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои (гурӯҳҳои) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотҳо ва намудҳои амволеро, ки ба иҷора дода намешаванд, муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).


Моддаи 4. Иҷорадеҳон

Мулкдор молу мулкашро аз ҷумла ба шахсони юридикӣ ва воқеии хориҷӣ иҷора дода метавонад. Дар мавриди моликияти давлатӣ бошад ин ҳуқуқ вобаста ба шакли моликият ба мақомоти идораи амволи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо дода шудааст. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуқуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёри пурраи хоҷагӣ ва адораи оперативии онҳо мебошад, ба иҷора диҳанд ва мулқдорро аз ин ҳатман воқиф гардонанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Замин ва дигар захираҳои табииро Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ба иҷора медиҳанд, аз ҷумла дар асоси озмун (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Колхозу совхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ заминҳои ба ихтиёри худ гирифтаро метавонанд мустақилона ба иҷора диҳанд.


Моддаи 5. Иҷорагирон 

(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126)

Шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷорагир буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 6. Иттиҳодияҳои иҷорагирон

Иҷорагирон ҳуқуқ доранд, ки ихтиёрӣ ассоциация, иттифоқҳо, консорциумҳо, концернҳо ва дигар иттиҳодияҳо барпо карда, фаъолияти онҳоро бо пул таъмин намоянд, аз онҳо мувофиқи оиннома озодона бароянд, ба ин иттиҳодияҳо, қатъи назар аз шакли моликияти истеҳсолоташон, ҳар як коллектив ва гражданин дохил шуда метавонад. Иҷорагирон дар навбати худ ҳуқуқ доранд бо ризоияти иттиҳодияҳо ба ҳар яки онҳо дохил шаванд.


Моддаи 7. Шартномаи иҷора

Шартномаи байни иҷорагиру иҷорадеҳ ҳуҷҷати асосие мебошад, ки муносибати байни онҳоро танзим мекунад. Он дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии пурраи тарафҳо имзо карда мешавад.

Шартномаи иҷора инҳоро пешбинӣ мекунад: таркибу арзиши молу мулки ба иҷора додашаванда, андозаи иҷорапулӣ, мӯҳлати иҷора, тақсими вазифаҳои тарафҳо дар бобати пурра барқарор ва таъмир кардани молу мулки иҷоравӣ, вазифаи иҷорадеҳ дар хусуси ба иҷорагир додани амвол дар ҳолате, ки ба шартҳои шартнома мувофиқ бошанд. Вазифаи иҷорагир дар бобати мувофиқи талаботи шартнома истифода бурдани молу мулк, масъулияти иҷорагир дар бахши сари вақт додани иҷорапулӣ ва баъди ба охир расидани мӯҳлати шартнома ба иҷорадеҳ баргардонидани молу мулк дар ҳолати пешбиникардаи шартнома, шартҳои харида гирифтани амволи иҷора ва дигар шартҳои моҳиятнок.

Ба шартномаи иҷора вазифаи иҷорадеҳ дар бобати таъминоти моддию техникӣ, расондани ёрӣ барои тараққиёти истеҳсолот, татбиқи комьёбиҳои илму техника ва технологияи пешқадам, нав кардани техникаи истеҳсолот, тараққиёти иҷтимоӣ, расонидани кӯмаки ахборотию машваратӣ ва дигар хел ёриву мадад, мададгорӣ дар боби тайёр кардани кадрҳо, муҳайё намудани шароити зарурии истифодаи самарабахши молу мулки ба иҷора гирифташуда ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он дохил шуда метавонад.

Арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда дар шартнома бо назардошти баҳои амвол дар лаҳзаи ба иҷора супоридани вай бо қимати боқимонда, барқароршуда ё бозорӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Давоми мӯҳлати хизмати амволи ба иҷора додашуда бо созиши тарафайн на зиёда аз мӯҳлати нави хӯрдашавии пурраи он, ки ба нормаи амортизация мутобиқат мекунад, муқаррар карда мешавад.

Тарафҳо дар сурати иҷро накардан ва ё пурра иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла барои яктарафа тағйир додан ва вайронкунии шартнома дар асоси қонун ва шартнома ҷавобгаранд.

Дар мавриди кифоя набудани васоити иҷорадеҳе, ки амволи корхонаи давлатиро (воҳиди структурии иттиҳодияро) ба иҷора супурдааст, аз рӯи ӯҳдадориҳо дар назди иҷорагир соҳиби молу мулки дахлдор ҷавобгар мебошад.


Моддаи 8. Иҷорапулӣ

Иҷорапулӣ аз ҳиссаҷудокунии амортизационии арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда ташкил меёбад. Ҳангоми ба иҷора додани замин ва дигар сарватҳои табиӣ ҳаққи амортизация гирифта намешавад. Андозаи ҳиссаҷудокунии амортизацияро, ки ба иҷорапулӣ дохил мешавад, шартномаи иҷора дар асоси тақсими вазифаҳои дар он пешбинигардидаи тарафҳо дар бобати таҷдиди молу мулки иҷоравӣ маблағи фоизи иҷро (қисми фоида), ки мутобиқи шартнома ба дараҷа маъмулан на камтар аз фоизи бонк муқаррар карда шавад, муайян мекунад. Иҷорапулӣ ҳамчунин маблағҳоеро дар бар гирифта метавонад, ки иҷорагир ба иҷорадеҳ барои таъмири объектҳо баъди анҷоми мӯҳлати иҷораи онҳо медиҳад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Иҷорапулӣ метавонад барои тамоми молу мулки иҷоравӣ яклухт ва ё алоҳида аз рӯи ҳар объект дар шаклҳои аслӣ, пулӣ ва ё омехта муқаррар шавад. Шарту мӯҳлати супоридан ва ҳисоби гузаронидани иҷорапулиро шартнома муайян мекунад.

Андозаи иҷорапулӣ (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126):

бо маслиҳати тарафайн бинобар дигар шудани шароити хоҷагидорӣ;

бинобар тағйир ёфтани нарх, тариф ва ҳаҷми фоизи бонк тағйир ёфта метавонад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Иҷорапулӣ барои истифодаи иншоотҳои моликияти давлатӣ вобаста ба шакли моликият барои иншоотҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳурӣ, барои иншоотҳои моликияти коммуналӣ бошад, - ба буҷет маҳаллӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 9. Моликият ҳангоми иҷора

Ба иҷора додани молу мулк боиси додани ҳуқуқи моликият ба ин амвол намегардад.

Маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир аз истифодаи молу мулки иҷоравӣ ба даст овардааст, моликияти ӯ мебошад. Сарватҳои моддӣ ва дигар сарватҳои ба таркиби молу мулки иҷора дохилнашаванда, ки иҷорагир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ба даст овардааст ё харидааст, низ моликияти иҷорагир мебошанд.

Агар дар шартномаи иҷора дигар шарт пешбинӣ нашуда бошад, ҳар чизи барои беҳбудии молу мулки иҷора харида ё сохташуда моликияти иҷорагир мебошад. Дар мавриде, ки иҷорагир беҳбудиро аз ҳисоби маблағи худ бо иҷозати иҷорадеҳ анҷом дода бошад ва ин барои молу мулки иҷора (тармиму азнавсозии бино ё иншоот ва ғайра) зарар нарасонда бошад, вай ҳуқуқ, дорад, ки баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи иҷора арзиши ин беҳбудикориро гирад, агар дар шартнома дигар хел шарт пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми ба иҷора гирифтани корхона ва дигар комплексҳои ягонаи молу мулк иҷорагир ба гирифтани арзиши беҳбудикории ҷудонопазири молу мулки иҷора, ки аз ҳисоби маблағи худаш, сарфи назар аз он ки ичорадеҳ ба иҷрои чунин корҳо иҷозат додааст ё не ҳуқуқ дорад, агар дар шартнома шарту шароити дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Беҳбудикориҳое, ки (ҳам қобили ҷудошавӣ ва ҳам ҷудонопазир) аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии амортизационӣ аз молу мулки иҷора анҷом дода шудаанд, моликияти иҷорадеҳ буда, ба арзиши молу мулки иҷора зам мешаванд.

Агар ҳолати молу мулке, ки баъди анҷоми амали шартнома баргардонда мешавад, аз вазъи пешбинишуда бадтар бошад, иҷорагир ба иҷорадеҳ товони зиёнро дар асоси қонунҳои ҷорӣ медиҳад.

Агар молу мулки иҷора бо гуноҳи иҷорагир пеш аз мӯҳлати амортизационӣ аз кор барояд, иҷорагир ба иҷорадеҳ иҷорапулии пурраи он, инчунин товони зарарро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ медиҳад. Агар иҷорагир молу мулки ба иҷора гирифташударо баъди анҷоми мӯҳлати истифода, ки он дар шартнома пешбинӣ шудааст, истифода барад, иҷорадеҳ ба иҷоракор подоши дахлдорро медиҳад, агар дар шартнома дигар хел талабот пешбинӣ нашуда бошад.


Моддаи 10. Харидани молу мулки иҷора

Иҷоракор бо розигии иҷорадеҳ метавонад молу мулки иҷораро пурра ва ё қисман харида гирад. Шарт, тартиб ва мӯҳлати хариданро шартномаҳои иҷора ва харид муайян мекунанд. Баҳсҳои оиди ин масъалаҳоро суди иқтисодӣ ё суд ҳал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Шартномаи иҷораи амволи давлатӣ бо назардошти минбаъд харидани он бо мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ ё бо мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукумат) баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Арзиши амволи ба иҷорагирифтаи давлатиро, ки харидорӣ мешавад. Кумитаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳал (ҳукумат) муайн мекунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавридҳои маҳдуд ё манъ кардани харидани молу мулки иҷора пешбинӣ шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).

Иҷорадеҳ ҳақ дорад дар шартномаи харид ба муддати муайян шартҳо пешниҳод намуда, ин ё он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои харидорро (иҷорагирро) муайян намояд. Ба ҷумлаи чунин шартҳо аз ҷониби харидор қабул шудани ӯҳдадориҳои зайл дохил шуда метавонанд:

бо маҳсулот ҳисобу китоб кардани арзиши молу мулки харида маҳсулоте, ки бе амволи харидашуда истеҳсол мешавад;

ба истеъмолкунандагон дастрас кардани як қисми маҳсулоти бо амволи харидашуда истеҳсол гардида, ки фурӯшандаи молу мулк муайян мекунад;

дар мӯҳлати муайян тағйир надодани навъи маҳсулоте, ки бо амволи харидашуда истеҳсол мегардад;

нафурӯхтани молу мулки харидашуда;

риояи дигар ӯҳдадориҳои харидори молу мулк, ки шартномаи харид пешбинӣ кардааст.

Шартномаи харид инчунин шартҳои харидори молу мулкро низ дар назар дошта метавонад, ки он фурӯшандаи молу мулкро вазифадор менамояд дар давраи муайян таъминоти моддию техникӣ ва бозории фурӯши маҳсулоти дар мулки харидашуда истеҳсол кардашавандаро таъмин намояд, ба инкишофи фаъолияти истеҳсолӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоии харидори молу мулк ва фаъолияти иқтисодии берунӣ мусоидат намояд.

Амвол дар асоси мавҷудият ва ҳолати воқеии он бо роҳи ба иҷорадеҳ бақияи арзиши амволро супурдани иҷорагир, ки иҷорааш то анҷоми мӯҳлати амортизатсия ва нархгузоришуда қатъ гардидаст, харидорӣ мешавад. Ҳолати амвол аз рӯи натиҷаи инвентаризатсия ва фактҳои дигаре, ки ба арзиши боқимонда таъсир мегузоранд, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Барои харидани молу мулк ҳамагуна васоите, ки корхонаи иҷоравӣ мувофиқи қонун дар ихтиёри худ дорад, манбаъ шуда метавонад.

Ҳуқуқи моликияти корхонаи иҷора, ки амволро харидааст, аз рӯзи имзо шудани санади хариду фурӯш оғоз меёбад. Ин санад баъди пардохтани маблағи харидашуда ва боҷи давлатӣ дода мешавад. Пас аз пурра супурдани пули хариди амвол шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Баъди харидани молу мулки ба иҷора гирифта шуда корхонаи иҷора бо қарори коллективи меҳнатӣ ба кооператив, ҷамъияти акционерӣ ва ё дигар корхонае табдил ёфта метавонад, ки дар асоси моликияти коллективӣ амал мекунад ва оинномаи худ (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 11. Муайян кардани самти фаъолияти хоҷагии иҷорагир

Иҷорагир мувофиқи шартномаи иҷора самтҳои фаъолияти хоҷагиашро мустақилона муайян мекунад ва маҳсулоту даромадашро бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамояд.

Иҷорагир берун аз доираи ӯҳдадориҳои шартномавиаш дар фаъолияти хоҷагидорӣ пурра озод мебошад.


Моддаи 12. Мӯҳлати иҷора

Мӯҳлати иҷораро шартнома муайян мекунад. Дар айни замон иҷораи захираҳои табиӣ, корхонаҳо, биноҳо, иншоот дарозмуддат - аз панҷ сол ва аз ин ҳам зиёд мебошад.

Ҳангоми бастани шартномаи иҷораи замин шартҳои аз тарафи ичорагир гузаронидани киштгардони илман асоснок бояд ҳатман пешбинӣ карда шавад. Ба ин муносибат мӯҳлати минималии иҷораи замин набояд аз як ротацияи киштгардони майдонҳо кам бошад.

Қитъаи заминро барои корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба мӯҳлати муайянкардаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 09.12.2004 № 65).

Бо назардошти хусусияти молу мулк ва мақсадҳои иҷора шартнома кӯтоҳмуддат - то 5 сол шуда метавонад.

Баъди анҷоми мӯҳлати амали шартнома иҷорагир ҳуқуқ дорад шартномаро барқарор кунад.

Агар дар бораи қатъ намудан ва ё тағйир додани шартнома баъди анҷоми мӯҳлати он аризаи яке аз тарафҳо набошад, шартнома дар ҳамон мӯҳлат ва аз рӯи ҳамон шартҳо дароз карда мешавад, ки дар он пешбинӣ шуда буданд. Ҳангоми ба мӯҳлати нав дароз кардани шартнома шартҳои он бо созиши тарафҳо тағйир ёфта метавонанд.


Моддаи 13. Тағйир додан, бекор кардан, қатъ намудан ва давом додани шартнома

Тағйир додани шартҳои шартнома, бекор кардан ва қатъи он бо ризоияти тарафайн роҳ дода мешавад. Бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи ду моҳ пеш огоҳонидани тарафи дигар ва дар мавридҳои шартҳои шартномаро вайрон кардани тарафи дигар шартномаи иҷора бо қарори суди иқтисодӣ ё суд қатъ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Аз нав созмон додани ташкилотҳои иҷорадеҳ, инчунин иваз кардани соҳиби моликияти иҷора гирифта шуда сабаби тағйир ёфтан ва ё бекор шудани шартнома намегардад.

Дар мавриди фавти иҷорагир ва ё дигар ҳолатҳое, ки ӯ минбаъд ӯҳдадориҳояшро иҷро карда наметавонад, ҳуқуқҳои вай мувофиқи шартномаи иҷора ба яке аз аъзоёни оила ё аъзои ҳамроҳаш коркунанандаи хоҷагии меҳнатӣ (коллективи иҷора) мегузарад, агар онҳо иҷоракор шудан хоҳанд.

Иҷорадеҳ ҳақ надорад, ки ба чунин шахсон барои ҳамроҳ шудан ба шартнома ба мӯҳлати боқимондаи шартномаи ҷорӣ роҳ надиҳад, ба истиснои мавридҳое, ки бастани шартнома ба сифатҳои касбӣ ва шахсии иҷоракор вобаста бошад.


Моддаи 14. Баррасии баҳсу мунозира дар аснои бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он

Баҳсҳои ҳангоми бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он ба миён омадаро суди иқтисодӣ ё суд мувофиқи ваколаташон баррасӣи мекунанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 15. Муҳофизати ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулк

Ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулке, ки вай мувофиқи шартномаи иҷора гирифтааст, баробари ҳуқуқи нисбати моликият муқарраркардаи қонунгузории гражданӣ ҳимоя карда мешавад. Вай метавонад баргардонидани молу мулки иҷораро аз истифодаи ғайриқонунӣ, бартараф кардани монеаҳои истифодаи амвол, додани товони зарареро, ки ҳар шахс, аз ҷумла иҷорадеҳ, ба молу мулк расондааст, талаб кунад.

Аз ҳисоби молу мулки иҷора додани қарзи иҷорадеҳ роҳ дода намешавад.

Молу мулки иҷорагир танҳо бо қарори суди иқтисодӣ ё суд мусодира карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Шартҳои шартномаи иҷора дар тамоми мӯҳлати эътибори шартнома ва дар он мавридҳое эътибори худро гум намекунад, ки қонунгузорӣ баъди имзои шартнома қоидаҳоеро муқаррар кардааст, ки аҳволи иҷорагирро бад мекунад.

Иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо)


Моддаи 16. Ташкили корхонаи иҷора

Коллективи меҳнатии корхонаи давлатӣ (иттиҳодия) ё воҳиди структурии иттиҳодия (минбаъд корхонаи давлатӣ) ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади дар асоси корхона ташкил намудани корхонаи коллективӣ ташкилоти иҷоракоронро ҳамчун шахси юридикии мустақил созмон диҳад.

Қарори созмон додани ташкилоти иҷорагирон ва органҳои идораи он дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ ба овози аз се ду қисми аъзоёни он қабул карда мешавад.

Ташкилоти иҷорагирон лоиҳаи шартномаи иҷораро якҷоя бо комитети иттифоқи касаба тартиб дода, онро ба органи давлатие, соҳиби моликият вайро барои ба иҷора додани корхонаи давлатӣ ваколатдор намудааст, мефиристонад. Ин орган бояд лоиҳаи шартномаро дар муддати си рӯзи баъди гирифтани он баррасӣ кунад. Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора ба миён меоянд, аз ҷумла ихтилофҳои вобаста ба беасос ба иҷора надодани корхона ва кашол додани мӯҳлати муҳокимаи таклифҳоро суди иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Баъди имзои шартнома ташкилоти иҷоракорон мувофиқи тартиби муқарраргардида молу мулки корхонаро қабул мекунад ва мақоми корхонаи иҷоравиро мегирад.

Корхонаҳои давлатӣ, воҳидҳои структурие, ки дар асоси онҳо корхонаи иҷоравӣ ташкил шудааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун барҳам дода мешаванд.

Корхонаи иҷора дар асоси оинномае, ки дар маҷлиси умумии (конференцияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ мешавад, амал мекунад. Корхонаи иҷора аз рӯзи дар комиҷроияҳои мақоми бақайдгирӣ маҳалли ҷойгиршавии корхонаи иҷора қайд шуданаш ҳуқуқи шахси юридикиро мегирад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Корхонаи иҷора мувофиқи дархосташ номгӯи ва мукофотҳои ҳукуматии корхонаи давлатиро, ки вай ба иҷора гирифтааст, дар худ нигоҳ дошта метавонад.

Корхонаи иҷора вориси ҳуқуқи молу мулк ва вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифтааш, аз ҷумла вориси ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар захираҳои табиӣ мегардад. Иҷорадеҳ пардохти қарзи корхонаро пурра ё қисман ба ӯҳдаи худ гирифта метавонад.

Ӯҳдадории корхонаи давлатиро дар бобати фурӯши маҳсулот (кор, хизмат) иҷорагир дар ҳаҷму мӯҳлати пешбиникардаи шартномаи ин корхона иҷро мекунад. Иҷорадеҳ ба иҷорагир захираҳои моддӣ ва лимитҳои (фондҳои) онҳоро медиҳад, инчунин дигар тадбирҳои заруриро меандешад, ки иҷрои ин ӯҳдадорӣ таъмин гардад.

Корхонаи иҷоравӣ ҳуқуқашро барои маблағгузории мутамарказ ва дотация дар ҳаҷме, ки барои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта муқаррар гардида буд, нигоҳ медорад.

Ба корхонаи иҷора ҳуқуқу вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта шуда дар бобати иштирок кардан дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуде, ки вай он ҷо ҷой гирифтааст, мегузаранд.

Шартномаи иҷора муносибатҳои байни иҷорагир ва иҷорадеҳро доир ба шартҳои истифодаи захираҳои сӯзишворӣ, ашьёи хом, масолеҳ, истеҳсолоти нотамом, маснуоти тайёр, тақсими бақияи фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, истифодаи фонди манзили идоравӣ, бо маблағ таъмин кардани он, харҷи маблағеро, ки барои пардохти қарзи дебиторӣ гирифта шудааст, муайян мекунад.

Маҷбуран ба иҷора додани объектҳое, ки барои корхонаҳои иҷора зиёдатианд, роҳ дода намешавад.


Моддаи 17. Идораи корхонаи иҷора

Корхонаи иҷора мувофиқи оинномаи он идора карда мешавад.


Моддаи 18. Фаъолияти хоҷагии корхонаи иҷора

Корхонаи иҷора ҳуқуқ дорад сарватҳои моддиеро, ки ба таркиби мулки иҷора дохил мешаванд, ба иҷораи фаръӣ диҳад, барои истифодаи муваққати бепул ва ё пулакӣ диҳад, ба шарте ки чунин тариқи додани молу мулк боиси кам шудани нерӯи (арзиши) истеҳсолию иқтисодии корхона нагардад ва дигар шартҳои шартномаи иҷораро халалдор накунад. Тартиби мазкури ихтиёрдории молу мулки иҷора нисбати замин ва дигар объектҳои табиӣ ва дар мавридҳои дигаре, ки актҳои қонунӣ пешбинӣ кардаанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Корхонаи иҷора барои арзиши амволро зиёд намудан ҳуқуқ дорад ба таркиби молу мулки иҷора мустақилона тағйирот дарорад, онро аз нав созад, техникаи нав шинонад, васеъ кунад, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Корхонаи иҷора истифодаи самарабахш ва такрористеҳсолкунии захираҳои табииро таъмин карда, онҳоро мувофиқи мақсадҳое ба кор мебарад, ки ба ин мақсадҳо дода шудаанд. Вай вазифадор аст муҳити атрофро аз олудагӣ ва дигар таъсирҳои зиёновар ҳифз кунад.

Фаъолияти иқтисодии берунии корхонаи иҷора мувофиқи тартибе сурат мегирад, ки барои корхонаҳои давлатӣ муқаррар гардидааст.

Корхонаи иҷора вазифадор аст, ки аз рӯи шартномаи иҷора иҷрои супориши давлатӣ ва супоришҳоро барои фурӯши маҳсулот (кор, хизмат) мувофиқи алоқаҳои мавҷудаи хоҷагӣ дар ҳаҷме, ки аз супоришҳои дахлдори соли ба иҷора додани корхона зиёд набошад, ба ӯҳда гирад.

Вай ихтиёран заказҳои давлатӣ ва дигар хел ӯҳдадории истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро дар ҳаҷме мегирад, ки корхона молу мулки ба моликияти коллективи тааллуқдоштаашро ба ҳамон андоза истифода мебарад.

Иҷорадеҳ ӯҳдадории аз иҷорагир харидани маҳсулотро ба зимма гирифта метавонад.

Корхонаи иҷора маҳсулоташ (кор, хизматаш)-ро аз рӯи нархҳои яклухт, харид, чакана ва шартномавие мефурӯшад, ки барои корхонаи давлатӣ пешбинӣ гардидаанд. Ашьё, масолеҳ ва дигар захираҳои моддию техникиро корхонаи иҷора аз рӯи нархҳои мавҷудаи яклухт харид, чакана ва шартномавӣ мувофиқи тартиб ва шартҳои барои корхонаҳои давлатӣ муқарраршуда мехарад.

Ба корхонаи иҷора барои васеъ кардани истеҳсолот ва иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағи давлатии мутамарказ ва маблағи иҷорадеҳ дотация, инчунин дар асоси ӯҳдадории афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он (кор, хизмат) қарз ва бунак (аванс) дода шуданаш мумкин аст.

Иҷорадеҳ ба иҷорагирони корхонаҳои давлатии зараровар ва камфоида оиди иҷорапулӣ имтиёзҳо дода метавонад.

Корхонаи иҷора натиҷаи фаъолияташро ба ҳисоб мегирад, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва омориро мувофиқи тартиби умумие, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, пеш мебарад. Ба фаъолияти корхонаи иҷора аз рӯи тартибе, ки қонунгузории ҷорӣ барои корхонаҳо муқаррар карда аст, бо назардошти хусусияти муносибатҳои иҷоравӣ назорат карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 19. Маблағҳои молиявии корхонаи иҷора

Захираҳои молиявии корхонаи иҷора аз ҳисоби фурӯши маҳсулот (кор, хизмат), кредитҳо, маблағи аз фурӯши коғазҳои қиматнок ба даст омада, хайрия ва дигар воситаҳои молиявӣ ташкил меёбанд.

Аз ҳисоби маблағи ҷамъшудаи корхонаи иҷора хароҷоти моддӣ ва хароҷоти мушобеҳи он, маблағи музди меҳнат бароварда мешавад, андозҳо, пули иҷора, пардохти суғурта, пули захираҳои табиӣ ва қувваи корӣ, фоизи қарзҳо дода мешавад. Фоидаи боқимонда пурра дар ихтиёри корхонаи иҷора мемонад. Корхонаи иҷора мақсадҳои истифодаи ин фоидаро мустақилона муайян мекунад.

Корхонаи иҷора метавонад барои ҷалб намудани захираҳои иловагӣ коғазҳои қиматнок барорад, дар асоси қонунҳои дар амал буда заёмҳои мақсаднок барорад, дар бозори коғазҳои қиматнок иштирок намояд.

Барои харидани коғазҳои қиматнок аъзоёни коллективи меҳнатии корхонаи иҷора афзалият доранд.

Корхонаи иҷора метавонад дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо, аз ҷумла мувофиқи аҳду паймони тарафайн роҷеъ ба ҳаҷми фоизи истифодаи онҳо аз маблағҳои худ ба корхонаю ташкилотҳои дигар пул қарз диҳад.

Маблағҳо аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат бо иҷозати корхонаи иҷора ва ё бо қарори суди иқтисодӣ ё суд бароварда мешавад. Пул аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат дар мавридҳои пешбиникардаи актҳои қонунӣ соқит карда мешавад. Агар корхонаи иҷора дар бобати аз ҳисоб соқит кардани пул розӣ набошад, вай ҳақ дорад дар бораи ситонидани пули беасос аз ҳисоб соқитшуда ба суди иқтисодӣ шикоят кунад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 20. Меҳнат ва музди он

Муносибатҳои меҳнатии аъзоёни коллективи корхонаи иҷораро қонуни оид ба меҳнат бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун танзим мекунад.

Корхонаи иҷора тартиби киро кардан ва аз кор озод намудани коркунон, шаклу системаи додани музди меҳнат, тартиби рӯзи кор, усули сменагии корро мустақилона муайян намуда, дар бораи баҳисобгирии умумии вақти кори қарор қабул мекунад, тартиби рӯзҳои истироҳат ва рухсатиро муқаррар менамояд.

Корхонаи иҷора муддати рухсатии ҳарсолаи пулакиро мустақилона муайян менамояд. Дар айни замон давомоти он аз вақти барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни корхонаҳои давлатӣ муайянгардида кам шуда наметавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои ҷорӣ манфиати иҷтимоии меҳнаткашони корхонаҳои иҷораро ҳамаҷониба ҳифз мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.09.1991 № 397).

Барои коркуноне, ки аз сабаби ба иҷора додани корхонаи давлатӣ аз кор озод мешаванд, иҷорадеҳ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор ҳуқуқҳоеро кафолат медиҳанд, ки қонун барои коркуноне пешбинӣ кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтан ва ё барҳам хӯрдани корхонаи давлатӣ аз кор ҷавоб шудаанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Корхонаи иҷора мувофиқи тартиб ба андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои дахлдор мегузаронад ва андоз месупорад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


Моддаи 21. Моликияти корхонаи иҷора

Маҳсулоти истеҳсолшуда, даромад ва амволи дигаре, ки бо пули корхона харида шудаанд, моликияти корхонаи иҷора мебошад.

Дар амволе, ки мувофиқи шарту тартиби муайянкардаи оинномаи корхонаи иҷора моликияти он мебошад, андозаи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатӣ дар буньёди ин амвол аз ҳисоби иштироки шахсиашон, инчунин маблағгузорӣ ва амволи дигари ҳиссагузоштаашон муайян карда мешавад.

Ба узви коллективи меҳнатӣ ба арзиши ҳиссааш дар моликияти корхонаи иҷора дар асоси оинномаи он қоғазҳои қиматнок дода шуданаш мумкин аст. Ба қоғазҳои қиматноки аъзоёни коллективи меҳнатӣ бо назардошти натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот ва вазифаҳои тараққии корхона мувофиқи ҳаҷми муайянкардаи коллективи меҳнати ҳаққи саҳм (дивиденд) дода мешавад.

Арзиши ҳақиқии қоғазҳои қиматнок дар мавридҳои пешбиникардаи оинномаи корхона ба соҳибонашон баргардонда мешавад.

Дар оинномаи корхонаи иҷора тартиб ва шартҳои додани ҳаққи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатие, ки муносибатҳои меҳнатиро қатъ кардаанд, муайян карда мешаванд.


Моддаи 22. Ташкили корхонаи иҷора дар заминаи моликияти соҳаи корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ

Корхонаи иҷораро дар заминаи иҷораи моликияти истеҳсолот, сехҳо, шӯъбаҳо, фирмаҳо ва ё соҳаҳои дигари корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ташкил кардан мумкин аст. Чунии корхонаи иҷора бо ризоияти мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ созмон меёбад. Дар айни ҳол шартномаи иҷора бо корхонаи (иттиҳодияи) давлатие баста мешавад, ки қисме аз амволи вай ба иҷора мегузарад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Моддаи 23. Озмун барои иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва амволи онҳо

Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи он ба тариқи озмун ба иҷора дода шуданаш мумкин аст.

Озмунро органи давлатие эълон мекунад, ки барои ба иҷора додани амволи дахлдор ҳуқуқ дорад.

Дар озмун коллективҳои меҳнатии корхонаҳои (иттиҳодияҳои) давлатӣ ва ё соҳаҳои онҳо, коллективҳои муштараки дарбаргирандаи коркуноне, ки дар ҳамин корхона, иттиҳодия (соҳа) кор намекунанд, гурӯҳи гражданинҳое, ки бо мақсади ба иҷора гирифтани корхона, иттиҳодияи (соҳаи) дахлдор дар коллектив муттаҳид шудаанд, иштирок карда метавонанд. Коллективҳои мазкур барои иштирок дар озмун мувофиқи тартиби пешбиникардаи банди 1-и моддаи 16 ҳамин Қонун ташкилоти иҷоракоронро ташкил медиҳанд. Дар озмун корхонаҳои (иттиҳодияҳои) дигари давлатӣ, инчунин кооперативҳо ва ташкилотҳои ҷамьиятӣ иштирок карда метавонанд.

Коллективҳои меҳнатии корхонаҳои давлатӣ ва соҳаҳое, ки ба иҷора дода мешаванд, дар баробари шартҳои дигари якхела барои иҷора гирифтани корхонаи давлатӣ бештар ҳақ доранд. Иҷорадеҳ ва инчунин органҳои он ҳангоми баррасии пешниҳодоти ба озмун расидаи иҷоракорон ба онҳое, ки самарабахшии бештари истеҳсолотро таъмин намуда, қисми зиёди амволи ба иҷора пешниҳодкардаро қабул карда, ӯҳдадор мешаванд, ки бештар иҷорапулӣ медиҳанд, бартарӣ хоҳанд дод.

Ташкилоти аз озмун гузаштаи иҷоракорон бо иҷорадеҳ шартномаи иҷора мебандад ва мувофиқи тартибу шартҳои пешбиникардаи моддаҳои 16-21 ҳамин Қонун ҳамчун корхонаи иҷора амал мекунад.


Моддаи 24. Дар заминаи амволи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил кардани корхонаҳои иҷора

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, ки корхонаҳо ва соҳаҳои онҳоро мувофиқи шартҳои муайянкардаи ин ташкилотҳо ба иҷора диҳанд. Дар баробари ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳангоми муайян кардани тартиби ташкил ва шартҳои фаъолияти корхонаҳои иҷора принципҳои дар ҳамин фасл зикрёфтаро истифода баранд.


Моддаи 25. Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи онро ба иҷора гирифтани кооператив

Ҳангоми ба кооператив иҷора додани корхонаи давлатӣ ва ё соҳаи он муносибатҳои иҷоравӣ бо органи давлатие, ки барои ба иҷора додани корхона ваколатдор мебошад ва муқаррар мегарданд. Шартҳои шартномаи ба кооператив ба иҷора додан дар асоси моддаҳои 16 ва 18-и ҳамин Қонун муайян мегарданд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


ИҶОРАГИРИИ ГРАЖДАНИНҲО


Моддаи 26. Иҷораи фардӣ ва гурӯҳӣ

Гражданин ва ё гурӯҳи гражданинҳо метавонанд воситаҳои истеҳсолот ва моликияти дигареро, ки барои фаъолияти хоҷагиашон зарур аст, иҷора гиранд.

Шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар асоси шартҳои иҷораи фардӣ ё гурӯҳӣ машғуланд, баробари коргарону хизматчиён ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоиро доранд. Иҷоракорон мувофиқи тартибу ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадашон ба фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳисса мегузаронанд. Давраи кори иҷоракорон, ки дар давоми он суғуртапулӣ дода шудааст, ба стажи кор дохил мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).

Органҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла шахсони юридикии хориҷӣ, ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, ки барои ба иҷора додан ваколат доранд, вазифадоранд дар муддати як моҳ аризаи гражданинҳоро дар бораи ба онҳо ба иҷора додани амвол, замин ва дигар захираҳои табиӣ дида бароянд.

Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора, аз ҷумла беасос рад кардан ё аз мӯҳлат дер дида баромадани аризаи ба иҷора додани амвол, замин ва захираҳои табиӣ ба миён меоянд, бевосита суд баррасӣ мекунад.


Моддаи 27. Фаъолияти хоҷагӣ ҳангоми иҷораи фардӣ ва гурӯҳӣ

Иҷорагирони фардӣ ва ё гурӯҳӣ мувофиқи шартнома ба маҳсулоти баровардаи худ мустақилона ихтиёрдорӣ мекунанд, онро дар ҳар минтақаи мамлакат мефурӯшанд, мувофиқи нарху навои бо ризоияти истеъмолкунанда ва ё мустақилона муқарраркарда корҳоро ба ҷо меоранд ва хизмат мерасонанд. Онҳо метавонанд иҷрои супориши давлатиро ихтиёран ба ӯҳда гирифта, маҳсулоти аз ҳисоби ин супориш истеҳсолшударо бо нархҳои яклухт, харид ва ё шартномавӣ фурӯшанд.

Дар участкаҳои замини иҷора сохтани бино, ба ғайр аз бошишгоҳи саҳрои, ки ба он бояд розигии иҷорадеҳ бошад, роҳ дода намешавад.

Иҷоракор ба пули фурӯши маҳсулот (корҳо, расонидани хизмат) баъди додани пули иҷора, андозҳо ва пардохти қарзи банк мустақилона ихтиёрдорӣ мекунад.

Таъминоти моддию техникӣ, нақлиёт, таъмиру тармим ва дигар намудҳои хизматрасонии иҷоракор дар хоҷагии қишлоқ дар асоси шартномае, ки мувофиқи тартиб ва шартҳои барои колхозу совхозҳо муқарраршуда баста шудааст, сурат мегирад.

Хоҷагиҳои меҳнатии иҷоракорон ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолиашон метавонанд бо колхозҳо, совхозҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ алоқаҳои кооперационӣ барқарор карда, кооперативҳои таъминоту фурӯш, азнавкоркунӣ, таъмиру сохтмон ва дигар кооперативҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои рафоқат ташкил кунанд.


Моддаи 28. Счёт дар банк, қарз

Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои банк счёт кушояд. Ӯ ҳақ дорад, ки барои гузаронидани муомилоти қарз ва ҳисобу китоб мустақилона банк интихоб намояд.

Иҷоракорон метавонанд бо ризоияти муассисаҳои банк ва ё иҷорадеҳон барои тараққии истеҳсолот қарзи кӯтоҳмуддат ва ё дарозмуддат гиранд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба иҷоракорон барои ташкили хоҷагӣ, тараққии истеҳсолот, обёрии замин, сохтмони роҳ ва манзил қарз ё бо подош пул ҷудо кунанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126).


ФАСЛИ II. ПУДРАТИ ИҶОРАВИИ ДОХИЛИХОҶАГӢ


Моддаи 29. Истифодаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ

Пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ ҳамчун шакли ташкил ва додани музди меҳнати баъзе коркунон, коллективҳои соҳаҳо, гурӯҳҳои коркунон (минбаъд-коллективҳои ичоравӣ) метавонад дар корхонаҳои давлатӣ, коллективӣ ва ҷамъиятӣ истифода шавад.

Корхона бо ризоияти комитети иттифоқи касаба низомномаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ, нархҳои ҳисобии маҳсулот ва тарифҳои дохилихоҷагиро барои кор ва хизматрасонӣ, шаклҳои ба ҳисоб гирифтани хароҷоти моддӣ ва хароҷоти дигари коллективҳои иҷораро тасдиқ мекунад.

Коллективҳои иҷораи корхонаи давлатӣ шаклу системаи додани музд, тартиби рӯзи кор, сменаи корро мустақилона муайян карда, дар бораи ҷорӣ намудани усули ба ҳисоб гирифтани вақти кори умумӣ қарор қабул менамоянд, тартиби муайян кардани рӯзҳои истироҳатро бидуни вайрон намудани мутобиқати зарурии фаъолияти соҳаҳои гуногуни корхона муқаррар мекунанд.

Коргарони нав бо ризоияти коллективи иҷора ба кор қабул карда мешаванд.

Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ дар хоҷагии қишлоқ ҳуқуқи коллективи иҷора дар боби аз номи корхона бастани шартноми меҳнатӣ барои иҷрои корҳои муайян бо гражданиҳои аъзои коллективи иҷора набуда пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Музди меҳнати чунин гражданинҳо аз ҳисоби пуле дода мешавад, ки барои музди меҳнати аъзоёни коллетиви иҷора пешбинӣ шудааст.


Моддаи 30. Ташкили фаъолияти хоҷагии коллективи иҷора

Коллективи иҷора мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ вазифадор мешавад, ки маҳсулотро истеҳсол карда, кор, хизматрасониро ба корхона супорад ва ё бо супориши иҷорадеҳ маҳсулоти дар шартнома пешбинишударо ба корхонаҳои дигар ва ё гражданинҳо фурӯшад.

Коллективи иҷора метавонад ба маҳсулоти (кор, хизматрасонии) илова бар ҳаҷми шартномаи истеҳсолкардааш, агар қонун ва ё шартнома шартҳои дигарро муқаррар накарда бошад, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кунад.

Дар шароити пудрати иҷоравӣ корхона бо буҷет, банк ва дигар органҳо аз рӯи натиҷаи тамоми фаъолияташ мувофиқи тартиби муайяншуда ҳисобу китоб мекунад. Вай вазифаи ба нақша гирифтани номгӯй ва ҳаҷми асосии истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизмат)-ро ба зимаи худ гирифта, инчунин сиёсати ягонаи техникиро мегузаронад, мувофиқи плани барои корхона умумӣ онро аз нав сохта, бо техникаи нав муҷаҳҳаз мекунад, соҳаи иҷтимоиро тараққӣ медиҳад.

Коллективи корхонаи иҷора программаи истеҳсолиашро бо назардошти шартномаи пудрати иҷоравӣ мустақилона тартиб медиҳад.

Шартномаи пудрати иҷоравӣ ҳаҷму тартиби иштироки коллективи иҷораро дар хароҷоту пардохти корхона, аз ҷумла хароҷот барои тараққиёти истеҳсолот, илму техника ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ муайян мекунад.

Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ масъулияти тарафҳо барои иҷро накардан ва ё ба қадри кофӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбиникардаи шартнома муайян карда мешавад.

Корхона ба коллективи иҷоравии соҳа ҳуқуқи аз номи вай бастани шартномаи хоҷагиро дода метавонад. Чунин коллективи иҷора ҳақ дорад дар муассисаи банк счёт кушояд. Коллективи иҷора аз рӯи шартнома ба амволе, ки ба ихтиёраш гузошта шудааст, ҷавобгар аст. Дар сурати нарасидани амвол мувофиқи ӯҳдадориҳои коллективи иҷора корхона ҷавобгар мешавад.

Совхозҳо, колхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси шартнома ба коллективҳои иҷоракори соҳаҳо барои мустақилона фурӯхтани маҳсулоташон (корҳо, хизматрасонӣ), истифодаи даромад барои додани музд, андозу пардохт ба буҷет, ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ҳуқуқ дода метавонанд. Чунин коллективҳои иҷора метавонанд дар муассисаҳои банк ё марказҳои молиявию ҳисобӣ счёт кушоянд.

Иҷорадеҳ дар шароити иҷораи дохилихоҷагӣ метавонад ба иҷоракор ҳар гуна имтиёзҳо диҳад.


Моддаи 31. Иҷорапулӣ дар шароити пудрати иҷоравӣ

Иҷорапулӣ барои замин ва чорвои маҳсулдеҳ ба андозаи фоидаи ба нақшагирифта (нормативӣ), ки ҳангоми истифодаи замин ва хароҷоти ба даст омаданаш мумкин аст, бо назардошти сифати онҳо ва хароҷоти ҷамъиятии зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулот муқаррар карда мешавад.

Подош барои амволи ба ихтиёри коллективи иҷора додашуда (иҷорапулӣ) дар шартномаи пудрати иҷоравӣ муайян карда мешавад. Дар сурати тағйир ефтани нарх ва шартҳои дигари иқтисодӣ ҳаҷми иҷорапулӣ метавонад бо ризоияти тарафҳо таҷдиди назар шавад.

Агар суғуртаи киштзор, чорво ва амволи дигари иҷоравӣ аз тарафи корхона сурат гирифта бошаду коллективи иҷора бинобар офати табиӣ ва ё ҳодисаҳои дигар ҳаҷми дар шартнома зикрёфтаи маҳсулотро гирифта натавонад, иҷорапулӣ дар ҳаҷми маблағи аз суғурта гирифтаи корхона таносубан кам карда мешавад.

Коллективи иҷора ҳақ дорад, ки бо ризоияти корхона аз номи вай барои суғуртаи киштзор, чорво ва амволи дигар шартнома бандад. Дар ин маврид ҳангоми офати табиӣ ва ҳодисаҳои дигари суғуртавӣ тағйири иҷорапулӣ пешбинӣ намешавад.


Моддаи 32. Даромади коллективи иҷора

Даромади коллективҳои иҷора аз пули фурӯше, ки баъди додани иҷорапулӣ, баровардани кусури хароҷоти моддӣ, ҳиссаҷудокуниҳои дигаре, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, боқӣ мемонад, ташкил меёбад. Даромади дар ихтиёри коллективи иҷора монда мустақилона ихтиёрдорӣ карда, гирифта намешавад.

Тартиби танзими ҳаҷми пулеро, ки барои додани музди меҳнат, сарф мешавад, шартномаи пудратӣ муайян мекунад.


Моддаи 33. Кафолати ҳуқуқҳои коллективи иҷора

Амволеро, ки мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ ба коллективи иҷора дода шудааст, корхона барагардонида гирифта наметавонад.

Пеш аз мӯҳлат тағйир додани шартнома ё қатъ намудани шартномаи пудрати иҷоравӣ танҳо бо ризоияти коллективи иҷора ва иҷорадеҳ роҳ дода мешавад.

Дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ амали шартнома баъди анҷоми соли хоҷагӣ, камаш 2 моҳ пеш бо огоҳ кардани тарафи дигар тағйир дода ё қатъ карда мешавад.

Баҳсҳои байни коллективи иҷора ва корхонаҳоро, ки ҳангоми иҷро намудан, қатъ кардан ва тағйир додани шартномаи пудрати иҷоравӣ сар мезананд, ҳаками давлатӣ ё суд дида мебарояд.


Президенти ҶШС Тоҷикистон 

Қ. МАҲКАМОВ


ш. Душанбе,

аз 6 декабри соли 1990, № 184



ҚАРОРИ СОВЕТИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тартиби амалӣ гардондани Қонуни ҶШС Тоҷикистон "Дар бораи иҷора дар ҶШС Тоҷикистон"


Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурияти Шӯравии Социалистии Тоҷикисто "Дар бораи иҷора дар ҶШС Тоҷикистон" аз 1 январи соли 1991 ямали гардонда шавад.

2. Ба Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон супурда шавад, ки то 1 январи соли 1991 корҳои зайлро анҷом диҳад:

лоиҳаи акти қонунро дар бораи намудҳои (гурӯҳҳои) корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва намуди амволеро, ки ба иҷора доданашон иҷозат дода намешавад, инчунин мавридҳои маҳдуд ва ё манъи харидани молу мулки ба иҷора додашударо ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намояд;

қарорҳои ҳукумати ҶШС Тоҷикистонро ба Қонуни ҶШС Тоҷикистон "Дар бораи иҷора дар ҶШС Тоҷикистон" мувофиқ намояд.

3. Иҷоракороне, ки пеш аз татбиқи ҳамин Қонун ба муносибатҳои иҷоравӣ гузаштаанд, метавонанд фаъолияти хоҷагиашонро мувофиқи шартномаи иҷоравие, ки то 1 январи соли 1991 бастаанд, давом диҳанд.

4. Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, Шуроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва районии депутатҳои халқ дар кори ба иҷора гузаштани корхонаҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Ҳамаи тадбирҳоро андешида, бартарии хоҷагидории иҷоравӣ, омодагӣ ва дар соли 1991 васеъ паҳн гардидани онро таъмин намоянд,

5. Кормандоне, ки ба муносибати ба иҷора гузаштанашон аз кори корхонаҳо (иттиҳодияҳо), муассисаю ташкилотҳо озод шудаанд, мувофиқи актҳои қонунии ҶШС Тоҷиқистон бо кор таъмин карда мешаванд.


Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Қ. АСЛОНОВ


6 декабри соли 1990, № 185, шаҳри Душанбе


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ


Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тартиби замимагардидаи ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тасдиқ карда шавад.

2) Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 100 фоизро ташкил медиҳад, ҳар сол то 1 апрел рӯйхати воситаҳои асосии ба иҷора супоридашавандаро ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 515 "Дар бораи Тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон


аз 2 ноябри соли 2011 № 537

ш. Душанбе