Аз эътибор соқит намудани амвол

0
86

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     

Эмомалӣ Раҳмон


аз 30 апрели соли 2012, №184

ш. Душанбе


Замима 

ба қарори Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 30 апрели соли 2012, №184


Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд

1. Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд (минбаъд - Тартиб) бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ягонаи аз эътибор соқит намудан ва аз ҳисоб баровардани воситаҳои асосии давлатие, ки аз лиҳози ҷисмонӣ фарсуда шудаанд, инчунин истифодабарии минбаъдаи қисмҳои онҳо таҳия гардидааст.

2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба воситаҳои асосии аз эътибор соқитшавандаи (минбаъд - воситаҳои асосӣ) мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёд аст (минбаъд - Дорандаи тавозун), татбиқ мегарданд.

Дар ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 50 фоиз кам аст, қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо қабул карда мешавад.

3. Воситаҳои асосӣ бинобар сабабҳои зерин аз эътибор соқит карда мешаванд:

- дар ҳолате, ки аз лиҳози ҷисмонӣ пурра фарсуда шуда, корношоям гардидаанд;

- дар ҳолате, ки барқарорсозии онҳо имконнопазир гардидааст;

- дар ҳолате, ки нигоҳдории ояндаи онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Дорандаи тавозун фоидаовар намебошад ва арзиши бақиявии тавозунӣ надоранд;

- дар ҳолате, ки эҳтимолияти ба тавозуни дигар корхонаю ташкилот ва мақомоти давлатӣ гузаронидан ва ё фурӯхтани онҳо ҳамчун объекти хусусигардонӣ вуҷуд надорад;

- дар ҳолате, ки дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо сохтмони иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст;

- дар ҳолати дар натиҷаи офатҳои табиӣ, сӯхтор ва садама нобуд гардидан;

- дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дорандаи тавозун воситаҳои асосиро дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ тибқи розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳайати мушовара ба расмият дароварда мешавад ва дар мавриди моликияти коммуналӣ бо розигии хаттии маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ё дар доираи салоҳият бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъдМақоми ваколатдор) аз эътибор соқит менамояд.

5. Ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёдро ташкил медиҳад, баъди гирифтани розигии Мақоми ваколатдор бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо воситаҳои асосиро аз эътибор соқит менамоянд.

6. Барои гирифтани розигӣ дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз тарафи Дорандаи тавозун ба Мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- дархости Дорандаи тавозун дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ;

- розигии мақомоти марказии соҳавии Дорандаи тавозун (дар шакли фармоиш ё қарор бо дарҷи ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ);

- нусхаи фармоиши Дорандаи тавозун дар бораи таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда оид ба муайян намудани ҳолати воқеии воситаҳои асосии аз эътибор соқитшаванда ва додани хулоса дар бораи аз эътибор соқит намудани онҳо;

- маълумотнома дар бораи арзиши тавозунии воситаҳои асосӣ бо дарҷи хулосаи Комиссияи доимоамалкунанда (мутобиқи замима);

- аксҳои (суратҳои) воситаҳои асосии аз эътибор соқитшаванда, ки ҳолати воқеии онҳоро пурра нишон медиҳанд (дар қафои суратҳо ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ навишта шуда, имзои роҳбар ва мӯҳри Дорандаи тавозун гузошта мешавад).

7. Дорандаи тавозун дар асоси фармоиш бо мақсади муайян намудани ҳолати корношоямӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муҳосибавии воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодшаванда Комиссияи доимоамалкунанда дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби мутахассисони дахлдор, ки ба он метавонанд муовини роҳбар, сармуҳандис, сармуҳосиб, муҳандис, механик, технолог, мутахассиси соҳаи барқ, молшинос, муҳосиб, мудири хоҷагидорӣ ва дигар кормандон ворид шаванд, таъсис медиҳад.

8. Вазифаи Комиссияи доимоамалкунанда аз иҷрои корҳои зерин иборат мебошад:

- тафтиш ва азназаргузаронии бевоситаи воситаҳои асосӣ ҷиҳати муайян намудани корношоямӣ ва мувофиқ набудани онҳо барои истифодабарӣ дар фаъолияти минбаъдаи хоҷагидории Дорандаи тавозун;

- муайян намудани омилҳои корношоям гардидани воситаҳои асосӣ;

- муайян намудани қисмҳои коршоями воситаҳои асосӣ, бо мақсади истифода намудани онҳо дар фаъолияти хоҷагидории Дорандаи тавозун.

9. Мақоми ваколатдор вобаста аз ҳолати воқеӣ ва бо дарназардошти эҳтимолияти ба фурӯш рафтан ҳуқук дорад воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодгардидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фурӯш барорад. Хулосаи Мақоми ваколатдор дар ин хусус бо қарори ҳайати мушовара ба расмият дароварда мешавад.

10. Аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки мӯҳлати меъёрии истифодабариашон пурра ба охир нарасидааст ва арзиши бақиявии тавозунӣ доранд, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 11 ва 12 Тартиб нишондодашуда манъ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

11. Дар ҳолати сохтмони нав дар мавқеи ҷойгиршавии воситаҳои асосӣ арзиши бақиявии тавозунии воситаҳои асосии барҳамдодашуда, ба арзиши воситаҳои асосии нави сохташаванда дохил карда мешавад.

12. Дорандаи тавозун воситаҳои асосиро новобаста аз мӯҳлати муқарраргардидаи истифодабарӣ ва арзиши бақиявии тавозунии онҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мустақиман аз эътибор соқит намояд:

- дар ҳолати нобуд гардидан дар натиҷаи офатҳои табиӣ, сӯхтор ва ҳолатҳои дигари фавқулодда - тибқи хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ;

- дар ҳолати корношоям ва нобуд гардидан дар натиҷаи садама, ғорат ва дуздӣ бо ситонидани товони зиён ба буҷети дахлдор - тибқи хулосаи мақомоти тафтишотӣ ё қарори мақомоти судӣ.

13. Ба қисмҳо ҷудо кардан ва таҷзияи воситаҳои асосии давлатӣ то гирифтани розигии Мақоми ваколатдор ва тасдиқи санадҳои барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ манъ мебошад.

14. Дорандаи тавозун хуҷҷатҳои дохилии муҳосибиро барои аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медароранд, омода менамояд ва ба расмият медарорад.

15. Дорандаи тавозун вазифадор аст дар муддати 3 моҳ баъд аз гирифтани розигии Мақоми ваколатдор иҷрои корҳои зеринро таъмин намояд:

- воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо ба қисмҳо ҷудо ва таҷзия намояд;

- пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонии аз ин ҳисоб бадастомадаро муайян ва ба анборҳо даромад намуда, ҳаҷму арзиши онҳоро дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ сабт намояд;

- қисмҳои корношоями дорои металлҳои қимматбаҳоро дар мувофиқа бо Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои асосии соқитгардида ҷудо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ дар корхонаҳое, ки барои коркарди металлҳои қимматбаҳо иҷозатномаи дахлдор доранд, холискорӣ намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад;

- воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо аз баланс хориҷ намояд;

- оид ба натиҷаи барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ ба Мақоми ваколатдор ҳисобот пешниҳод намояд.

16. Дорандаи тавозун баъд аз мувофиқа намудани миқдор ва арзиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо Мақоми ваколатдор мутобиқ ба нархҳои бозори дохилӣ, шартномаи хариду фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бо риояи талаботи Қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №105 тасдиқ шудаанд, ба имзо мерасонад.

17. Дорандаи тавозун маблағи аз ҳисоби фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бадастомадаро вобаста аз шакли моликият ба буҷетҳои дахлдор интиқол медиҳад.

Маблағи аз ҳисоби фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомада барои мақсади рушди истеҳсолоти Дорандаи тавозун равона карда мешавад.

18. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ маблағи аз ҳисоби фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомадаро ба суратҳисоби махсуси худ гузаронида, барои рушди заминаи моддӣ-техникӣ истифода мебаранд.

19. Миқдори пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга танҳо баъд аз ворид гардидани маблағи шартномавӣ ба суратҳисоби Дорандаи тавозун ба харидор таҳвил дода мешавад.

20. Роҳбарияти Дорандаи тавозун барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.


Ниг. ба Замима [13,65 Kb] ( 2)