Барҳамдиҳиии корхонаҳо

0
82

КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, №7, мод. 508; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, №3, мод. 125; с. 2006, №4, мод. 193; с. 2007, №5, мод. 356; с. 2010, №3, мод. 156, №12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, №7, мод. 700, №12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, №7, мод. 504; с. 2015, №3; мод. 200)

(Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 41, аз 3.05.2002 № 5, аз 1.03.2005 № 85, аз 29.04.2006 № 180, аз 12.05.2007 № 247, аз 11.03.2010 № 601, аз 29.12.2010 № 640, аз 03.07.2012 № 850, аз 28.12.2012 № 928, аз 22.07.2013 № 976, аз 18.03.2015 № 1178, аз 23.07.2016 № 1334)


Моддаи 62. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ

1. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ боиси қатъ гардидани он бидуни ба шахси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқ гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш мегардад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247).

2. Шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад барҳам дода шавад:

- бо қарори муассисон (иштирокчиён) ё мақомоти шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси чунин ваколатро дорад, аз ҷумла бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуда буд ё ноил шудан ба мақсади таъсисдодашуда;

- бо ҳалномаи суд ҳангоми таъсиси он роҳ додан ба дағалона вайронкунии қонун, агар чунин вайронкунӣ хусусияти ислоҳнопазир дошта бошад ё бе иҷозатномаи дахлдор машғул шудан ба фаъолият ё фаъолияти манъ намудаи қонун, ё амалӣ намудани фаъолияти вайронкунии якчандмаротиба ва дағалонаи дигари қонунгузорӣ ё аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва фондҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалӣ намудани фаъолияте, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолиф мебошад, ҳангоми бозхости иҷозатнома, ки амалӣ намудани амалиётҳои дар иҷозатнома пешбинишуда намуди ягонаи фаъолияти иҷозатдодашуда мебошад, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунҳо (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247, аз 18.03.2015 № 1178).

 3. Талаби барҳам додани шахси ҳуқуқиро тибқи асосҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки мувофиқи қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ дорад, ба суд пешниҳод карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247).

Бо қарори суд дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ мумкин аст вазифаи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба зиммаи муассисони (иштирокчиёни) он ё мақоми дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба барҳамдиҳии он ваколатдошта гузошта шавад.

4. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, ё чун кооперативи ғайритиҷоратӣ ва ё фонди ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, бо сабаби муфлис эътироф шуданаш инчунин мутобиқи моддаи 66 ҳамин Кодекс барҳам дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247, аз 22.07.2013 № 976).

Агар арзиши амволи чунин шахси ҳуқуқӣ барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, онро танҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 67 ҳамин Кодекс барҳам додан мумкин аст.

Муқаррароти бо сабаби муфлисӣ барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ба муассисаҳо дахл надорад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247).

5. Агар ба қонунгузории бонкӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барҳамдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002  № 5).


Моддаи 63. Вазифаи шахсе, ки дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ қарор қабул кардааст

1. Муассисон (иштирокчиён) - и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарорқабулкарда вазифадоранд, ки бетаъхир аз ин хусус мақоми бақайдгирандаи шахси ҳуқуқиро хаттӣ огоҳ созанд ва он ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар хусуси дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доштани шахси ҳуқуқӣ маълумот ворид месозад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247, аз 29.12.2010 № 640)).

2. Муассисон (иштирокчиён) - и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабулкарда комиссияи барҳамдиҳи (барҳамдиҳанда) - ро таъин намуда, мутобиқи ҳамин Кодекс тартиб ва мӯҳлати барҳамдиҳиро муқаррар менамоянд.

3. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз лаҳзаи таъин гардиданаш барои назорат кардани амали мақомоти шахси ҳуқуқӣ дар мавриди ихтиёрдории амволаш ваколат ба даст меорад. Аз ҷумла тамоми амалиёти мақомоти шахси ҳуқуқӣ, ки ба бегона кардани амволи он ё пардохти қарз равона гардидаанд, танҳо бо ризояти комиссияи барҳамдиҳӣ метавонад ба амал бароварда шавад.


Моддаи 64. Тартиби барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

1. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар рӯзномае, ки маълумоти бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқиро нашр менамояд, дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқукӣ ва тартибу мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторони он эълонро чоп мекунад. Ин мӯҳлат набояд аз ду моҳи пас аз лаҳзаи нашри эълон дар бораи барҳамдиҳӣ камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247).

Комиссияи барҳамдиҳӣ ҷиҳати маълум сохтани кредиторон ва гирифтани қарзи дебиторӣ тамоми чораҳои имконпазирро андешида, инчунин кредиторонро дар хусуси барҳам додани шахси ҳуқуқӣ хаттӣ огоҳ месозад.

2. Пас аз тамом шудани мӯҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳии фосилавӣ тартиб медиҳад, ки дар он маълумот дар бораи таркиби амволи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, номгӯи талаботи пешкашнамудаи кредиторон, инчунин маълумот дар хусуси натиҷаи баррасии онҳо зикр меёбад.

Баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Агар маблағи мавҷудаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ғайр аз муассисаҳо) барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи барҳамдиҳӣ мувофиқи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида амволи шахси ҳуқуқиро аз тариқи савдои оммавӣ ба фурӯш мерасонад.

4. Пардохти маблағҳои пулӣ ба кредиторони шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳӣ аз рӯи навбати дар моддаи 65 ҳамин Кодекс муқарраргардида, ба истиснои кредиторони навбати панҷум, ки маблағи пулӣ ба онҳо пас аз як моҳи баъди санаи тасдиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ пардохта мешавад, мутобиқи баланси фосилавии барҳамдиҳӣ аз рӯзи тасдиқи он сар карда, пардохта мешавад.

5. Пас аз пардохти пулии кредиторон комиссияи барҳамдиҳӣ баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки онро муассисон (иштирокчиен) - и шахси ҳуқуқӣ ё мақоми қабулкардаи қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд.

6. Дар сурати нокифоя будани маблағи муассисаи барҳамдодашаванда барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон, онҳо ҳуқуқ доранд, ки барои аз ҳисоби молики амволи ин муассиса қонеъ гардонидани қисми боқимондаи талаботашон ба суд муроҷиат намоянд.

7. Амволи пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқимондаи шахси ҳуқуқӣ, агар дар қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба муассисони (иштирокчиёни) он, ки дорои ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк ё ҳуқуқи ӯҳдадорӣ нисбати ин шахси ҳуқуқӣ мебошанд, супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247).

8. Барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ баъди дар ин хусус ворид намудани сабт ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ баитмомрасида ва шахси ҳуқуқӣ бошад барҳамдодашуда эътироф карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 №  № 247, аз 29.12.2010 № 640).