Хусусигардонии манзил

0
74

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни мазкур принсипҳои асосии хусусигардонии фонди давлатии манзилро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, асосҳои ҳуқуқи, иҷтимои ва иқтисодии дигарсозии муносибатҳои моликиятро ба манзил муайян мекунад. Мақсади ин дигарсозиҳо, муҳайё кардани шароити ба амал баровардани ҳуқуқи озодона қонеъ гардонидани талаботи ба манзилдоштаи шаҳрвандон, инчунин беҳтар истифода ва саришта намудани фонди манзил мебошад.


ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Фонди давлатии манзил бо роҳи бепул ба шаҳрвандон додан ё фурӯхтани манзили истиқоматии онҳо ихтиёран хусуси гардонида мешавад.


Моддаи 2. Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои фонди давлати аз рӯи шартномаи киро ё иҷора зиндагони мекунанд, ҳуқуқ доранд бо розигии тамоми аъзоёни болиғи сокини оила ин хонаро бо шартҳои пешбиникардаи ҳамин қонун ва санадҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон харида гирифта, соҳиби он шаванд.


Моддаи 3. Шаҳрвандоне, ки соҳиби манзили хусуси шудаанд, мувофиқи қонунгузории ҷори онро ихтиёрдори, истифода ва идора мекунад ва ҳуқуқ доранд ин манзилро фурӯшанд, тӯҳфа кунанд, мерос монанд, ба иҷора диҳанд, муомилоти дигареро ба анҷом расонанд, ки он хилофи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Татбиқи ҳуқуқи моликият ба манзил набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигарро, ки бо қонун ҳимоя мешаванд, вайрон кунад.

Истифодаи манзили хусусигардонидашудаи фонди манзил ба дигар мақсадҳо манъ аст.

Соҳибони манзили хусусигардонидашудаи хонаҳои фонди давлати соҳибони якҷояи таҷҳизоти инженери ва ҷойҳои истифодаи умуми мебошанд.

Қитъаи замине, ки дар он хонаи истиқомати ва иморатҳои зарурати хоҷагии ёрирасони шахси ҷой гирифтаанд, баъди хусусигардони бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузори ба тариқи мерос якумра ба ихтиёри шаҳрванд мегузарад. Дар ҳолатҳои дигари хусусигардонии манзил қитъаи замин мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби, истифода ва ихтиёрдори карда мешавад.


Моддаи 4. Манзиле, ки дар ҳолати садамави мебошад, ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиени ва зидисӯхтор дар хобгоҳҳо, хонаҳои коммунали, хонаҳо - ёдгориҳои таърихию фарҳанги, дар хонаҳои шаҳракҳои пӯшидаи ҳарби, инчунин манзилҳои хизмати хусуси гардонда намешавад.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқ доранд бо дарназардошти пешниҳоди коллективҳо оиди хусусигардонии манзили коммунали фонди манзили совхозу дигар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ва ба онҳо баробар қарор қабул намоянд.


Моддаи 5. Манзилро ба моликияти шаҳрвандон мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукумат), вале фонди манзилии моликияти ҷумҳуриро бо розигии мақоми идораи амволи давлати медиҳад, мефурӯшад ва ба расмият медароварад.


Моддаи 6. Шаҳрванд аз рӯзи қарор қабул кардани Раиси ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба манзили харидааш ҳуқуқдор мешавад.


Моддаи 7. Қарори хусусигардонии манзил дар асоси аризаи шаҳрвандон дар давоми як моҳ аз рӯзи пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо бояд қабул карда шавад.

Дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми ҳалли масъалаҳои хусусигардонии манзил ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.


Моддаи 8. Барои маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани, Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯрави ва шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ба онҳо баробар карда шудаанд, барои маъюбони меҳнат, ҳамчунин маъюбони модарзод, собиқадорони ҷанг, оилаи шахсоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлати ҳалок гардидаанд, оилаҳое, ки даромадашон аз ҳадди ақали расман муқарраршудаи зиндаги пасттар аст, барои ашхоси ниёзманди беҳтар кардани шароити зист ва барои шахсони мубталои баъзе касалиҳои вазнин, ки бо тартиби муқарраргардида муайян карда мешаванд, тартиби аз хонаҳои фонди давлати дар асоси шартномаи иҷора ҷудо кардани манзил боқи мемонад.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани манзил бо тартибе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудааст, ба табақаҳои дигари шаҳрвандон низ дода мешавад.


Моддаи 9. Барои шаҳрвандоне, ки ба беҳтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманданд, тартиби ҷории ба қайд гирифтан ва додани хонаи истиқомати боқи мемонад.


ФАСЛИ II. ПРИНСИПҲОИ АСОСИ ВА ШАРТҲОИ ХУСУСИГАРДОНИИ МАНЗИЛ

Моддаи 10. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад манзили дар бинои фонди давлати воқеъгардидаи худро як бор хусуси гардонида, соҳиби он шавад.


Моддаи 11. Андозаи манзиле, ки бепул ба моликияти шаҳрвандон дода мешавад, барои як кас то 18 метри мураббаъ ва барои оила иловатан 9 метри мураббаъи масоҳати умуми мебошад.

Агар дар вақти хусусигардони масоҳати хона (ҳавли) аз масоҳати хонаи бепулгирандаи шаҳрванд зиёд бошад, ӯ фарқи арзиши умумии онро медиҳад.

Масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон дода мешавад, барои оилаи категорияи шаҳрвандони дар моддаи 8-уми ҳамин Қонун зикргардида то 20 метри мураббаъи масоҳати умуми зиёдтар шуда метавонад.


Моддаи 12. Нархи масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон бепул дода мешавад аз рӯи арзиши як метри мураббаъи масоҳати умумии манзиле, ки дар замони хусусигардонии хонаҳои миёнасифати ин ё он маҳал роиҷ аст, муайян карда мешавад.


Моддаи 13. Арзиши умумии хона (ҳавли)-еро, ки моликияти шаҳрвандон мешавад, комиссияҳои мустақил бо дарназардошти масоҳат ва сифатҳои истифодабарии он ва низ бо иштироки шаҳрвандоне, ки хона мехаранд, муайян мекунанд. Ин комиссияҳо дар назди мақомоти ҳокимияти (ҳукумати) маҳалли ташкил шуда, ба ҳайати онҳо вакилони халқ, намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, коллективҳои меҳнати, мақомоти молия ва бонкҳо ҳатман дохил карда мешаванд.

Тартиби муайян кардани арзиши хонаи харидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.


Моддаи 14. Манзили воқеи биное, ки дар он шаҳрвандон истиқомат мекунанд ва он мувофиқи меъёрҳои истифода ва таъмири фонди манзил бояд таъмири асоси шавад, одатан, баъди онро таъмир кардани иҷорадеҳ хусуси гардонида мешавад. Агар шаҳрвандон ба таъмир накардани он рози бошанд, иҷорадеҳ ҷубронпулии дахлдор мепардозад.


Моддаи 15. Шаҳрвандон манзили худро ба насия харида, қарзашонро дар муддати 20 сол пардохта метавонанд.

Моддаи 16. Истифодаи маблағи хусусигардонии фонди давлатии манзил аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян карда мешавад.


Моддаи 17. Фонди манзиле, ки дар ихтиёри корхонаю ташкилот мебошад ё муассисаҳо онро барои идораи оперативи додаанд, дар мавриди хусусигардонии ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бояд ҳамроҳи онҳо бо шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун хусуси гардонида, ё ба мақоми дахлдори маҳаллии иҷроия (ҳукумат) дода шавад.


ФАСЛИ III. НИГОҲУБИН ВА ТАЪМИРИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ХУСУСИГАРДОНИДАШУДА

Моддаи 18. Манзили хусусигардонидашуда аз ҳисоби соҳибонаш бо риояи ҳатмии қоидаю меъёрҳои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил мувофиқи шартномаҳое, ки барои хонаҳои фонди давлати муқаррар гардидаанд, нигоҳубин ва таъмир карда мешавад. Соҳибони манзил барои ин мақсад метавонанд рафоқатҳо ё иттиҳодияҳои дигар созмон диҳанд.


Моддаи 19. Нигоҳубини техники ва таъмири манзили хусусигардонидашуда аз рӯи шартнома бо соҳибонашон (ширкатҳо) ё иттиҳодияҳои дигар мисли собиқа ба зиммаи ташкилотҳои давлатии истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон мебошад.

Хароҷоти нигоҳубини манзили хусусигардонидашударо соҳибони он аз рӯи меъёр ва шартҳое, ки барои нигоҳубини фонди давлатии манзил муқаррар гардидаанд, медиҳанд.


Моддаи 20. Соҳибони манзил дар хонаи пурра хусусигардонидашуда ҳуқуқ доранд барои нигоҳубини ин хона ташкилот, аз ҷумла ташкилотҳои давлатии истифодаи манзил ва таъмиру бинокори, кооперативҳо, ширкатҳои хусуси ва субъектҳои дигари хоҷагидориро мустақилона таъин кунанд.


Моддаи 21. Манзили моликияти шаҳрвандонро дар хонаҳои қисман хусусигардонидашуда ташкилотҳои истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон, ки нигоҳубинашон то оғози хусусигардони ба зиммаи онҳо буд, нигоҳубин ва таъмир мекунанд. Соҳибони манзили воқеи хонаҳои қисман хусусигардонидашуда ба хароҷоти умумии нигоҳубин ва таъмири (аз ҷумла таъмири асосии) тамоми бино ва ободонии ҳудуде шариканд, ки ба масоҳати манзили дар ин бино доштаашон баробар аст.


Моддаи 22. Ба ҳолати техники ва таъмири сари вақти хонаи хусусигардонидашуда мақомати ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукуматҳо) назорат мекунанд.


Моддаи 23. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи манзили хусусигардонидашуда, таҷҳизоти инженери, коммуникатсияҳо ва ҳудуди назди ҳавли бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари дорад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      

Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

аз 4 ноябри соли 1995 № 114


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби муайян кардани арзиши масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон фурӯхта мешавад


Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 115 "Дар хусуси тартиби дар амал ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби муайян кардани арзиши масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон фурӯхта мешавад, тасдиқ карда шавад.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия /ҳукуматҳо/, корхонаҳо ташкилоту идораҳо:

- ба шаҳрвандон додану фурӯхтани манзилҳои ишғолкардаи онҳоро бемамониат ва дар асоси ихтиёрӣ амалӣ намоянд;

- дар бораи мустаҳкам кардани хадамоти таъмир ва манзилию истифодабарӣ тадбирҳо андешида, иҷрои ӯҳдадориҳои аҳдномавиро доир ба истифода ва таъмири манзил, сарфи назар аз шакли моликияташон, таъмин намоянд;

- тартиб ва шароити чун моликият харидани манзил ба маълумоти аҳолӣ расонида шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    

Э. Раҳмонов


аз 4 июни соли 1996, № 226

ш.Душанбе


Низомнома ва Тартиб дар матни русӣ оварда шудаанд