Фазои солими сармоягузорӣ — кафолати ҷалби сармояи хориҷӣ

0
43
Миёни ширкати франсавии «Thales» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани  «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад. Дар ин бора зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо  муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар, ки чанде қабл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.  

Дар ин мулоқот ҳамчунин Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ширкати франсавии «Thales» яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд. Дар он беш аз 70 ҳазор нафар мутахассисон фаъолият намуда, гардиши солонаи молиявии он зиёда аз 16 миллиард евроро ташкил мекунад
Махсус бояд зикр намуд, ки таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон истифода мегардад.

Новобаста аз он, ки корҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва  васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 ба анҷом расонида шаванд ҳам, ҳамкории шарикии корхонаи ватанӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Бешак далели омадани чунин намуд ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба бозори Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои ватанӣ ифодакунандаи боварӣ ва солимии фазои сармоягузорӣ кишвар буда, барои дар оянда ҷалб намудани сармояи бештари хориҷӣ ба иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.