Маълумот оид ба маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
53
Маълумот оид ба маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои давлатии 
сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(ба ҳолати 1-уми июли соли 2018)

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2018 аз 70 адад (25 лоиҳаи грантӣ, 13 лоиҳаи қарзӣ ва 32 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 29,8[1] млрд. сомонӣ (3,26 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.      

Аз маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда 8 адади онҳо - «Барномаи омӯзиши касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ», «Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон»,  «Соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони саддҳо ва дандонасадҳои селмуҳофизатӣ дар дарёи Панҷ ва сойи Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ», «Сохтмони нақби автомобилгарди “Истиқлол”, “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, «Идоракунии экологии замин ва рушди сарчашмаҳои зиндагӣ дар деҳот», «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” дар марҳилаҳои гуногуни анҷомёбӣ (гузаронидани расмиёти қабули давлатии иншоот, пардохти ниҳоии корҳои иҷрошуда, омодасозии ҳисоботи ҷамъбастӣ ва ғайра) қарор доранд.  

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ                15,9 млрд. сомонӣ (1,74 млрд. доллари ИМА)  ё 53,5%, маблағҳои грантӣ 12,4 млрд. сомонӣ (1,35 млрд. доллари ИМА)   ё 41,4%, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,32 млрд. сомонӣ (143,6 млн. доллари ИМА) ё 4,4% ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 215,5 млн. сомонӣ (23,53 млн. доллари ИМА) ё 0,7%-ро ташкил медиҳад.     

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда (аз аввали татбиқ то ба 01.07.2018с.) 14,5 млрд. сомонӣ ё 1,58 млрд. доллари ИМА азхуд карда шудааст, ки ин 48,5%-и маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.     
 
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар нимсолаи якуми соли 2018 (ба ҳолати 1 июл) 1,4 млрд. сомонӣ (153,4 млн. доллари ИМА) азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 87%-и нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ (нақшаи молиявии нимсолаи якуми соли 2018 –               176,7 млн. доллари ИМА) баробар аст. Аз ҷумла дар соҳаҳои:       
-нақлиёт дар доираи 16 лоиҳа – 406,6 млн.сомонӣ (44,4 млн. доллари ИМА) (60%-и нақшаи давраи ҳисоботии соли 2018);   
-энергетика дар доираи 11 лоиҳа – 596,1 млн.сомонӣ (65,1 млн. доллари ИМА) 133%);
-ирригатсия дар доираи 6 лоиҳа –98,0 млн.сомонӣ (10,7 млн. доллари ИМА) 91%); 
-маориф дар доираи 7 лоиҳа – 36,1 млн.сомонӣ (3,94 млн. доллари ИМА) 91%);   
-хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 14 лоиҳа – 83,0 млн.сомонӣ (9,06 млн. доллари ИМА) 74%);    
-экология/ҳолатҳои фавқулодда дар доираи 5 лоиҳа–42,1 млн.сомонӣ (4,6 млн. доллари ИМА (70%); 
-молия (аз ҷумла, қисматҳои «маблағгузории хурд»-и лоиҳаҳо) дар доираи 5 лоиҳа –36,4 млн.сомонӣ (3,98 млн. доллари ИМА (90%);    
-кишоварзӣ дар доираи 4 лоиҳа– 54,9 млн.сомонӣ (6,0 млн. доллари ИМА (104%);
-тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи 2 лоиҳа -                3,95 млн. доллари ИМА (112%). 
- дигар соҳаҳо дар доираи 4 лоиҳа-14,6 млн.сомонӣ (1,6 млн. доллари ИМА (29%). 

Аз маблағи умумии дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар давраи ҳисоботии соли 2018 азхудгардида 811,3 млн.сомонӣ (88,6 млн. доллари ИМА) (57,8%-и маблағи умумии азхудшуда) маблағҳои қарзӣ, 526,5 млн.сомонӣ (57,5 млн. доллари ИМА(37,5%) воситаҳои грантӣ, 54,0 млн.сомонӣ (5,9 млн. доллари ИМА (3,8%) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 12,8 млн.сомонӣ (1,4 млн. доллари ИМА (0,9%) дигар сарчашмаҳоро ташкил медиҳанд. 

Манбаи маблағгузории маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад: Бонки Осиёгии Рушд – 769,9 млн. доллари ИМА (23,7%-и маблағи умумии портфел), Бонки Умумиҷаҳонӣ – 618,9 млн. доллари ИМА (19%), Ҷумҳурии Халқии Хитой – 479,4 млн. доллари ИМА (14,7%), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд– 414,9 млн. доллари ИМА (12,7%), Бонки Исломии Рушд –159,7 млн. доллари ИМА  (4,9%), Фонди Саудии Рушд – 110,0 млн. доллари ИМА (3,4%), Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – 89,1 млн. доллари ИМА (2,7%), Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – 87,5 млн. доллари ИМА (2,7%), Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ – 67,7 млн. доллари ИМА (2,1%),  Ҳукумати Ҷопон – 55,3 млн. доллари ИМА (1,7%), Хазинаи Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт (СДСН) – 49,0 млн. доллари ИМА (1,5%), Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) – 38,5 млн. доллари ИМА (1,2%), дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ (давлатҳои донор) – 148,5 млн. доллари ИМА (4,6%), саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 143,6 млн. доллари ИМА (4,4%) ва дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғ.) – 23,53 млн. доллари ИМА (0,7%).

[1] Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 9,1574 сомонӣ (ба ҳолати 30.06.2018с.)