Номгӯи хизматрасониҳо

0
116
Номгӯи 
хизматрасониҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба сармоягузорон тавассути равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон расонида мешаванд

- пешниҳоди маълумот оид ба имконият ва бартарии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди маълумот ва машваратдиҳӣ доир ба хизматрасонии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- машварат оид ба омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати дастрас намудани раводиди сармоягузорӣ;
- қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати бақайдгирии давлатии сармоягузорони хориҷӣ мувофиқи принсипи равзанаи ягонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати дастрас намудани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва калонҳаҷми сармоягузорӣ фаъолият менамоянд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- ҳалли дигар масъалаҳои сармоягузорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ;
- даъвати сармоягузорон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба имзо расонидани созишномаҳои сармоягузорӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба имзо расонидани шартномаҳои консессионӣ;
- дигар хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи сармоягузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

(дар корбарӣ қарор дорад)