Санаи 6-уми ноябр дар шаҳри Вашингтон Бизнес-конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, инчунин гурӯҳи соҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ намуданд.
Бизнес-конфронс дар чанд бахши алоҳида ҷараён гирифта, ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадор ва ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, тавсеаи робитаҳо дар соҳаи технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтор баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи иштирокчиён ба самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла истифодаи иқтидор ва имкониятҳои бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургия, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки тавсеаи минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, рушди илм ва техника, инчунин пешбурди равандҳои рақамикунонӣ ба манфиати ҳамаи кишварҳои иштирокдори ин бизнес-конфронс мебошад.

Русский
English
17