Рӯйхати мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
№ |
Номгӯи мансабҳои холӣ |
Талаботи тахассусӣ |
Музди меҳнат |
1. |
Муовини сардори Раёсати таҳлил |
Олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
2711 сомонӣ |
2 2. |
Сардори шуъбаи молия ва хоҷагӣ |
Олии иқтисодӣ, молиявӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
2220 сомонӣ |
3.
|
Сармутахассиси Раёсати таҳлил
2 воҳиди корӣ; |
Олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, таҳлилӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
4. |
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ |
Олии ҳуқуқшиносӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
5. |
Сармутахассиси шуъбаи назорат |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
6.
|
Сармутахассиси Раёсати сармоягузории давлатӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
7.
|
Сармутахассиси Раёсати сармоягузории мустақим |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
8. |
Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус |
Олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, гуманитарӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электроӣ |
1660 сомонӣ |
9.
|
Сармутахассиси шуъбаи умумӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, педагогӣ, гуманитарӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1660 сомонӣ |
10.
|
Мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузории мустақим |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1352 сомонӣ |
11. |
Мутахассиси пешбари Раёсати дастгирии соҳибкорӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1352 сомонӣ |
12.
|
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорат |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1352 сомонӣ |
13.
|
Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, таҳлилӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1352 сомонӣ |
14.
|
Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, педагогӣ, гуманитарӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1352 сомонӣ |
15. |
Мутахассиси Раёсати таҳлил |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, таҳлилӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1112 сомонӣ |
16. |
Мутахассиси Раёсати сармоягузории давлатӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1112 Сомонӣ |
17 |
Мутахассиси Раёсати моликияти давлатӣ |
Олии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ |
1112 Сомонӣ |
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони Раиси Кумита;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 4 дона расм (2 дона 4х6, 2 дона 3х4);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи СИН;
- маълумотномаи доғи судӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (объективка) аз ҷойи кор.
Барои ишғоли мансабҳои муовини сардори Раёсат 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумӣ меҳнатӣ, сардори шуъба 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ сармутахассис 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, мутахассиси пешбар 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ муқаррар карда шудааст.
Малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони хориҷӣ ва давлатӣ ҳатмист.
Афзалият ба занон ва ҷавондухтарон дода мешавад.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳуҷраи 49, 50).
Телефонҳо барои тамос: 221-73-36, 221- 47-68
Маълумоти мукаммал дар сомонаи расмии Кумита www.investcom.tj ҷойгир карда шудааст.