Санаи 4 феврали соли 2023 дар Кумита вохурии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ Саъди Қодирзода бо Вазири рушди иқтисодӣ Федератсияи Россия Решетников Максим Геннадиевич баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ба иқтисодӣ кишвар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки дар даҳ соли охир беш аз 1,6 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ аз Федересияи Россия ворид гардид, ки 850 млн.доллари он сармояи мустақим мебошад. Танҳо дар соли 2022, 26 млн. доллар аз ҷониби Федерасияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ карда шудааст, ки ин аз иқтидори истифоданашудаи мо шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи мустақим тариқи бунёди фонди сармоягузории Тоҷикистону-Россия ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ муҳокимаронӣ намуданд. Дар баробари ин, масъалаҳо вобаста ба баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Россия, ки санаи 2 марти соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вохури дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфахмии ҷонибҳо сурат гирифт.