Санаи 25 - уми майи соли 2025 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола санаи 25-уми май дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад, дар Мактаб-интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Вилояти Хатлон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода бо тарбиятгирандагони Муассиса вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ Фаррух Юсуфзода тарбиятгирандагони муассисаи мазкурро бахшида ба ба Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуданд.
Сипас, бахшида ба ҷашн миёни тарбиятгирандагони Муассисаи болозикр бозии дӯстонаи футбол баргузор карда шуда, дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.