Санаи 4-уми июли соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ ба имзо расонида шуд.
Мақсад аз имзои Созишномаи сармоягузорӣ ин ҷалби сармоя ба рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тақвияти саноати куҳӣ тавассути таъсис додани корхонаҳои силсилаи алоҳидаи истихроҷ, коркард ва ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина сармоягузор уҳдадорӣ гирифтааст, ки корхонаи бузурги коркарди маъдан ва холисгардонии металлҳои рангаро бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд намояд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар назар дошта шудааст, ки ҷиҳати истихроҷ, таъсис додани корхонаҳо барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ на кам аз 500 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад, ки ин маблағ дар рафти татбиқи он бо таъсис ва мавриди истифода қарор додани корхонаҳои иловагӣ метавонад зиёд шавад.
Инчунин ба кор даровардани маҷмааи саноатӣ барои таъсис додани зиёда аз 1000 ҷойҳои кории доимӣ замина мегузорад.
Иқдоми пешгирифта дар самти таъмини саноатикунонии босуръати мамлакат мувофиқ мебошад.