Санаи 16-уми июли соли 2025 вохӯрии маҷозӣ миёни намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти унвони «Технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои афзалиятноки рақамикунонии иқтисод, мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳукумати электронӣ, амнияти киберӣ, зеҳни сунъӣ ва татбиқи технологияи муосир дар бахшҳои муҳими иқтисод ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода ва директори иҷроияи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Штатҳои Муттаҳидаи Амрикохонум Елена В. Сон-ЛаРокко иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохурӣ ҷонибҳо афзалиятҳои сиёсати давлатии рақамикунонӣ, имкониятҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ташкили кластерҳои технологӣ ва рушди захираҳои инсонӣ, таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи додаҳои рақамӣ, эҷоди шароити мусоид барои воридсозии технологияҳои муосир ва таҷрибаҳои беҳтарини амалӣ ва таълими мутахассисони баландихтисосро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ ширкатҳои пешбари амрикоӣ, аз ҷумла SpaceX, Nasdaq, Broad Street Capital Group, Донишгоҳи Ҳарвард, Medtronic ва дигар ширкату муассисаҳои бонуфуз иштирок намуда, омодагии худро барои баррасии ҳамкориҳои муштарак, таҳияи лоиҳаҳои озмоишӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.
Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки робитаҳои корӣ миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ва ширкатҳои технологӣ ва сармоягузории Амрико минбаъд низ дар шакли гурӯҳҳои муштараки корӣ ва вохӯриҳои пайваста идома дода шаванд.