Санаи 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Президенти Бунёди ҷаҳонии Annual Investment Meeting (AIM Congress) ҷаноби Давуд Ал-Шезавӣ, муовини калони Президенти департаменти тиҷорати байналмилалӣ хонум Анжела Чен ва ҳамоҳангсози миллӣ оид ба сайёҳӣ назди Сарвазири Покистон ҷаноби Сардор Ясир Иляс Хан мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоягузориҳо ба рушди инфрасохтор, густариши туризми устувор ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, зарурати истифодаи имкониятҳои фаровони мавҷуда дар бозори ҷаҳонии сайёҳиро таъкид карданд.
Ҳамчунин, тарафҳо аҳаммияти баргузории форумро ҳамчун платформаи муҳими муаррифии иқтидори сайёҳии кишварҳо, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони байналмилалӣ ва тавсеаи шарикӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ зикр намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид карданд.