Рӯзҳои 18-19 ноябри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар форуми байналмилалии Istanbul Development Dialogues 2025 иштирок намуда, дар ҷаласаи «Тақвияти шарикиҳо барои устуворӣ ва барқарорсозӣ» суханронӣ кард.
Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои муҳими тақвияти устувории иқлимӣ, рушди шарикиҳо барои идоракунии хавфҳои табиӣ ва иқлимӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи маблағгузории устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Султон Раҳимзода равишҳои Тоҷикистонро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори устувор муаррифӣ карда, аҳамияти густариши ҳамкориҳои байналмилалиро барои боло бурдани устувории минтақаҳо таъкид намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи форум вохӯрии корӣ бо мудири Маркази минтақавии Барномаи рушдии СММ (ПРООН) дар Истанбул Стелиана Недера баргузор гардид, ки зимни он самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рушди устувор ва таҳкими устувории иқлимӣ баррасӣ шуданд.

Русский
English
40