Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600
Вазифа: Мутахассис оид ба масъалаҳои гендерӣ ва рушди бахши хусусӣ
Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-04
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.
Вазифа аз пешниҳоди роҳбарии техникӣ дар масъалаҳои тавонмандсозии иқтисодии занон ва рушди бахши хусусӣ дар доираи TWEEP иборат аст то ин ки фаъолияти Лоиҳа барои ба таври самаранок таъсис, рушд ва устувории соҳибкории таҳти роҳбарии занонро дастгирӣ намуда, дастрасии занонро ба соҳибкорӣ, маблағгузорӣ, бозорҳо ва имкониятҳои шуғл васеъ намояд ва мутобиқи талаботи Бонки ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои миллӣ амалӣ гардад. Мутахассис ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои минтақавии лоиҳа (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ) сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Мӯҳлати шартнома аввал 12 моҳ, аз ҷумла мӯҳлати озмоишии се (3) моҳа, бо имкони тамдид вобаста ба натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа мебошад. Давомнокии умумии лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.
Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1uvFqRx28hjqg7Lhx2HYKYTH2Qxn0LQYrBS2pzHL_OU4/edit?usp=sharing
Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии дахлдор («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла маълумотномаи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.
Меъёрҳои интихоби Мушовир:
Маълумот
- Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, идоракунии тиҷорат, молия, рушди бахши хусусӣ, тадқиқоти гендерӣ, илмҳои иҷтимоӣ ё соҳаи марбута;
Таҷрибаи корӣ
- На камтар аз се (3) соли таҷрибаи пайвастаи масъулиятнок дар соҳаи тавонмандсозии иқтисодии занон, соҳибкорӣ, рушди КХМ, рушди бахши хусусӣ ё фарогирии молиявӣ;
- Таҷрибаи исботшуда дар таҳия ё татбиқи барномаҳои дастгирии занони соҳибкор, КХМ, хизматрасониҳои рушди соҳибкорӣ ё дастрасӣ ба маблағгузорӣ;
- Таҷрибаи кор бо муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои бахши хусусӣ, муассисаҳои молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ё барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ;
- Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби донорҳо ё ТБМ, беҳтараш амалиётҳои маблағгузоришуда аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, хеле матлуб аст;
Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ
- Малакаҳои қавии таҳлилӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ бо тарафҳои манфиатдор ва машваратӣ;
- Донистани озоди забони русӣ ҳатмист; донистани забони тоҷикӣ хеле матлуб аст; дониши кории забони англисӣ афзалият ба ҳисоб меравад.
Диққати Мушовирони шавқмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИПФ» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.
Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.
Изҳори шавқмандӣ, аз ҷумла маълумотнома (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 24 июли соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла маълумотнома (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон (TWEEP)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

Русский
English
83