Санаи 17 апрели соли 2024, дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар Анҷумани мазкур аз ҳарду ҷониб зиёда аз 600 нафар иштирокчӣ аз ҷумла соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, инчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар, ширкат варзида, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо маърӯзаҳо ва рунамоҳо баромад намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ диққати ҳозиринро ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва дастгирии сармоягузорону соҳибкорон ҷалб намуда, доир ба чораҳои андешидашуда дар самтҳои мазкур ва тақвияти ҳамкорӣ бо ҷониби Ӯзбекистон ба иштирокчиёни форум маълумот дода шуд.
Қайд карда шуд, ки бо ирода ва саъю кушишҳои Президентҳои ҳарду кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, дар муддати кӯтоҳ кишварҳо ба сатҳи баланди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ расиданд
Пас аз ба охир расидани қисми расмии Анҷуман мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар формати B2B баргузор гардида, дар натиҷаи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.