Санаи 28 майи соли ҷорӣ дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия, форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор карда шуд.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Туркия иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб рафта, дар ин замина имкониятҳо ва имтиёзҳои сармоягузории кишвар аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни форум муаррифӣ гардид.
Тибқи натиҷаҳои ҳосилшуда санадҳои дахлдор ба маблағи 19 млн. доллар ба имзо расиданд.