Санаи 29-30 майи соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон ва бо ҳузури вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об ва соҳибкорони ватанӣ дар Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори форуми мазкур аз ҷониби ҳайати кишвар имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ муаррифӣ гардида, дар сессияҳои 4-ум ва 5-ум дар мавзӯъҳои «Инфрасохтор ва Рушд» ва «Энергияи тоза ва барқароршаванда» доир ба масъалаҳои интегратсияи технологияҳои инноватсионӣ, мушкилот дар рушди инфрасохтор, таъсири иқтисодии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ҳамкории байнисоҳавӣ ва дурнамои оянда, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда ва ғайраҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, дар санаҳои зикршуда мулоқотҳои ҳайати кишвар бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Халид Ал-Фалих, муовини якуми вазири саноат ва сарватҳои маъданӣ ва роҳбарияти ширкатҳои «ACWA POWER» ва «EXIM BANK»-и Арабистони Саудӣ баргузор гардида, вазъи кунунии ҳамкориҳо, баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникиву фарҳангӣ, маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили сохтмони НБО-и Роғун, бунёди неругоҳҳои барқӣ ва офтобӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ширкати «FAS Energy» созишномаи ҳамкорӣ байни вазорати мазкур ва ширкати «FAS Energy» ба имзо расонида шуд.