Cанаи 10 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва ширкати «AQUAFED» дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Форуми бахши хусусӣ баргузор карда шуд.
Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон оғоз гардида, дар он меҳмонони фахрӣ Сароҷ Кумар директори амалияи ҷаҳонии оби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Озан Севимлӣ роҳбари намояндагии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Неил Дхот директори иҷроияи ширкати «AQUAFED» ва зиёда аз 200 нафар коршиносу мутахассисони соҳаи обу иқлим ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории Форуми мазкур таҳкими зарфиятҳо дар самти об ва беҳдошт дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар кори он татбиқи бештари ҳамгироёнаи лоиҳаҳои бахши хусусӣ баррасӣ карда шуданд.