Санаи 21 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузрон ва ҳайатҳои давлатӣ баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Чин иштирок намуд.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технолгияҳои нав ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар арафаи сафари давлатии роҳбарияти олии Чин ба Тоҷикистон баргузор карда шуда, иштирокчиёнро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон пазироӣ намуданд.
Дар доираи форум вазъи ҳамкориҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуда, пас аз ҷамъбасти он санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаи бойгардонии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулоқ», таъмин ва насби конструксияҳои сатҳи байналмилалӣ дар сохтмони варзишгоҳи шаҳри Душанбе барои 3000 ҷой нишаст, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, хати кредитӣ барои харидорӣ намудани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металургии Талко Голд ва ғайраҳо ба маблағи беш аз 6,0 млрд. сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии кишвари мо ба ҳисоб рафта, саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ хусусан дар саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани манбаъҳои даромади буҷети давлатӣ ва ғайраҳо, назаррас мебошад.
Феълан дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 500 ширкатҳои бо сармояи чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми сармояи чинӣ бошад, ба иқтисодиёти миллӣ дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
АКСҲО: