Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Боздиди ҳайати баландпояи иқтисодии Тоҷикистон аз Берлин ва иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Ҳамбург

      Рӯзҳои 21-25 ноябри соли 2022 ҳайати кишвар таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва иштирок дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.

      Давлаталӣ Саидро дар ин сафар роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи тоҷикистонӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳӣ карданд.

      Дар доираи боздид дар шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим (BMWK), Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ (BMEL), Вазорати федеролии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон (BMAS) баргузор гардиданд.

      Бо мақсади баррасии ҳолати кунунӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс доир шуд.

      Ҳамчунин, дар шаҳри Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи кандаҳои фоиданоки Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорӣ танзим гардида, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфиятҳои сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъданҳои минераливу ғайриминералӣ ҷалб намуд. Шералӣ Кабир аз сармоягузорони олмонӣ давъат ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ин имкониятҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

      Таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи муддавар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми ин нишаст мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти бонкҳои тоҷикистонӣ бо намояндагони бонкҳои бонуфузи олмонӣ баргузор гардид.

      Шоми 21 ноябри соли равон аз ҷониби Кумитаи Шарқии Иқтисоди Олмон ба ифтихори боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон пазироии расмӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд.   

      22 ноябри соли равон дар шаҳри бандарии Ҳамбург Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон бо иштироки беш аз 65 ширкатҳои бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 нафар намояндагони бахши хусусии ватанӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон муштаракан бо Кумитаи Шарқии Иқтисоди Олмон танзим шуда, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷикистониву олмонӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ду кишвар ширкат доштанд.

      Маврид ба таъкид аст, ки бандари Ҳамбург бузургтарин бандари Олмон ва аз лиҳози ҳаҷм дуюмин бандари бузурги Аврупо ба шумор рафта, он дар робитаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо нақши муҳим дорад.

      Чорабинии иқтисодиро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳусни оғоз бахшид.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, гидроэнергетикӣ, логистикӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро рӯнамоӣ кард. Аз ҷумла, ба соҳибкорон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин афзалиятҳо ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, маълумоти зарурӣ дода шуд.

      Дар поёни форуми тиҷоратӣ ҷониби тоҷикистонӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ қарордод ва меморандумҳоро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба маблағи зиёда аз 600 миллион евро ба имзо расонид.

      Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни иштироккунандагон гуфтугӯҳои дуҷониба дар сиғаи В2В сурат гирифт, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои  умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ,  дурнамои рушд ва роҳандозии ҳамкориҳои мустақим баррасӣ шуданд.

      Тарафҳо бо мақсади густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати баргузории Форуми навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.

      Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистонро роҳбарияти Сенати Ҳамбург ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону музофоти федеролии Ҳамбург ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

      Ба ифтихори ташрифи ҳайати баландпояи иқтисодии кишвар ба ин минтақа, Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторовро Президенти шаҳри Любек Клаус Пушаддел ва шаҳрдори он Ян Линденау ба ҳузур пазируфтанд.

      Дар идомаи сафар ҳайат аз корхонаҳои бузургатирини истеҳсолии “Baader Group” (истеҳсолкунандаи пешқадами ҷаҳонии таҷҳизоти инноватсионӣ барои саноати хӯрокворӣ) ва “Dräger” (технологияҳои тиббӣ ва бехатарӣ), ки дар шаҳри Любеки музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн  воқеанд, дидан карданд.

      PHOTOS:

      26.11.2022
      3 000
      Main page
      • News
      • Announcement
      • Forums
      • Documents
      • Press releases
      • Video


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2024 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика
      CONTACT US