Санаи 7-уми май дар шаҳри Милани Италия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи махсусро ба дарстгирии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, хусусан идомаи сохтмони НБО Роғун зоҳир намуданд.
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда бори дигар омодагии бонкро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА барои ин лоиҳаи муҳим тасдиқ намуд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки татбиқи саривақтии лоиҳаи сохтмони НБО Роғун ба амалишавии ҳадафҳои муштарак дар самти таъмини нерӯи барқи сабз ва арзон, идоракунии устувори об, коҳиш додани хатари обхезию хушксолӣ ва партовҳои гази карбон ба атмосфера мусоидат намуда, ҳамчунин имкониятро барои рақамикунонии босуръат, саноатикунонии кишвар ва ба ин васила ташкил додани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозад.
Ҳамзамон, дар Стратегияи навбатии шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд барои солҳои 2026-2030 ба инобат гирифтани маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва экология бо назардошти дар онҳо ба инобат гирифтани рақамикунонии ин соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар тӯли солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 то инҷониб ҳудуди 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Айни замон, БОР 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари ИМА дастгирӣ намуда истодааст.