Санаи 6-уми март, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумита Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сухани табрикотӣ баромад намуда, қайд намуд, ки дар фарҳангу тамаддун ва суннатҳои миллии мо хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст.
Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ҳама арзишҳои ҷовидонаи инсон, аз қабили меҳру муҳаббат, оила, тарбияи фарзандон, тартибот дар хонаҳои мо, дастархони пурнозу неъмат, меҳрубонӣ – аз қадимулайём аз Шумо занони маҳбуби мо сарчашма мегиранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми Зан-Модар иброз медоранд: «Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».
Бузургдошти Рӯзи Модар дар кишвар аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Аз ҷумла ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат заминаи боэътимоди худро гузошт.
Итминон карда шуд, ки бонувону занони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани онсаъю кӯшиш мекунанд.
Ҳамзамон, роҳбарони воҳидҳои сохтории Кумита вобаста ба мақому манзалати баланди Зан–Модар дар ҷомеа маърузаҳои пурмазмун ироа намуда, оид ба нақши арзишманд ва саҳми босазои занон дар таҳкими оила, тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа андешаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор бонувон, ки дар фаъолияти кориашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ноил гардонида шуданд.

Русский
42