Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Баргузории чорабинӣ вобаста ба муаррифии пешакии Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (B5+1)

      Санаи 7-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Вашингтон чорабинӣ вобаста ба муаррифии пешакии Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка (B5+1), ки баргузории он моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир гардид.

      Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) ва Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) ташкил карда шуда, дар он сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ШМА, намояндагони ниҳодҳои давлатии Амрико, аз ҷумла Котиботи давлатӣ, Котиботи тиҷорат ва доираҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар чорабинии мазкур ба тариқи маҷозӣ иштирок намуда, зимни суханронии ифтитоҳӣ аз CIPE ва ҷониби Амрико барои дастгирии ин ташаббус, инчунин аз кишварҳои ҳамсоя барои эътимод ба Тоҷикистон ҳамчун мизбони Форуми навбатии В5+1 изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки баргузории Форум дар Душанбе барои тақвияти муколамаи байни давлат, бахши хусусӣ ва сармоягузорон имконияти мусоид фароҳам оварда, ӯҳдадории Тоҷикистонро ба ташаккули фазои боз ҳам рақобатпазири сармоягузорӣ инъикос менамояд.

      Раиси Кумита бори дигар омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мизбонии Форуми навбатии В5+1 моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе, муколамаи мустақим бо ширкатҳои амрикоӣ ва минтақавӣ оид ба баррасии имкониятҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта изҳор дошт. Қайд карда шуд, ки тавассути платформаи “B5+1” Тоҷикистон ҳамкориҳоро тақвият бахшида, ҷалби сармоягузориҳои навро ҳавасманд ва барои рушди бахши хусусӣ қадамҳои амалӣ анҷом хоҳад дод.

      Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқӣ Завқизода дар суханронии худ ба равобити шарикии Тоҷикистону Амрико ва фаъолшавии муколамаи сатҳи баланд байни ду кишвар, аз ҷумла дар доираи формати «Осиёи Марказӣ + ШМА» (C5+1), таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ қайд кард, ки 19 феврали соли 2027 аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва ШМА 35 сол сипарӣ мегардад ва Форуми Душанбе дар ин замина ба ифодаи амалии шарикии дуҷониба табдил хоҳад ёфт. Сафир омодагии Сафоратро барои ҳамкорӣ бо CIPE, ниҳодҳои давлатии Амрико, доираҳои тиҷоратӣ ва сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати сафарбар намудани ҳайати намояндагони бахши хусусӣ ва давлатии амрикоӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Форуми Душанбе иброз дошт.

      Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ барномаи “Беҳтар кардани муҳити тиҷорат дар Осиёи Марказӣ (IBECA)”, ки таҳти роҳбарии CIPE ва аз ҷониби Котиботи давлатии ШМА маблағгузорӣ мешавад ва Форуми B5+1 муаррифӣ гардида, натиҷаҳои Форуми дуюми B5+1 (моҳи феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкек) ҷамъбаст ва нақшаҳо оид ба Форуми сеюм дар Душанбе пешниҳод карда шуданд. Қайд гардид, ки Форуми Душанбе ба рушди рӯзномаҳои тиҷоратии минтақавӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, технологияи молиявӣ (финтех) ва тиҷорати электронӣ, инчунин маъданҳо ва минералҳои нодири стратегӣ равона хоҳад шуд. Ҳадафи Форум муаррифии Осиёи Марказӣ ҳамчун бозори устувор, рақобатпазир ва кушоди беш аз 80 миллион нафар аҳолӣ ва баррасии имконияти ташкили Котиботи доимии B5+1 ҳамчун механизми устувори ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар минтақа арзёбӣ гардид.

      Баъдан сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ШМА суханронӣ намуда, аҳамияти Форуми B5+1-ро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, густариши савдо ва сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои судманди тарафайн байни Осиёи Марказӣ ва ШМА қайд карданд. Чорабинӣ бо мубодилаи назар ва муайян намудани қадамҳои минбаъда оид ба омодагии Форуми В5+1 дар Душанбе, ҷамъбаст гардид.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои амрикоӣ ва минтақавиро ба иштироки фаъол дар Форуми сеюми B5+1 дар шаҳри Душанбе даъват менамояд.

       

      PHOTOS:

      07.10.2026
      68
      Main page
      • News
      • Announcement
      • Forums
      • Documents
      • Press releases
      • Video


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US